Таркиш дар яке аз масҷидҳои шаҳри Шероз, остони Форс, ҳангоми гузаронидани як маъракаи мазҳабӣ рух додааст. Гуфта мешавад, қаблан дар ин масҷид яке аз руҳониёни маҳаллӣ ҳини амри маъруф дар назди намозгузорон ваҳҳобиҳо ва баҳоиҳоро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
Ҳануз иллати таркиш эълон нашудааст. Яке аз ривоятҳои қаблӣ ин аст, ки дар маҳалли ҳодиса бомби худсоз таркидааст. Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, инфиҷор эҳтимолан ба сабаби саҳлангорӣ сурат гирифтааст. Раиси идораи пулиси устони Форс Алии Муайирӣ гуфт, шояд муҳимоти ҷангие, ки аз намоишгоҳи пешина бахшида ба солгарди ҷангҳои Эрону Ироқ таркида бошад. Маҳалли ҳодиса аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар таҳқиқ мешавад.