Ҷангу нооромӣ дар ду моҳи охир 1 500 кушта ба ҷой гузошт, ҳазорон нафарро захмӣ ва гуреза кард, боғу киштзор ва коргоҳу корхонаҳоро тахриб намуд.
Шоми панҷшанбе, пас аз соатҳои дарози гуфтушунид, президенти Кения Мвайӣ Кибакӣ ва раҳбари иттиҳоди мухолифони Кения Райила Одинга ҳамроҳ бо Кофӣ Анон, собиқ Дабири Кулли Созмони Милаи Муттаҳид аз кохи раёсатҷумҳурии Кения берун омаданд ва дар сари мизе дар хиёбони марказии шаҳр ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд.
Тибқи он президент дар мақоми худ боқӣ монд, аммо раҳбари мухолифон сарвазири кишвар таъин гардид. Барои зарур омад, мақоми сарвазир таъсис дода шавад.
Вазорату идораҳо низ дар байни тарафдорони ин ду нафар тақсим шуд ва акнун қарор аст, ҳарду ҷиноҳ дар якҷоягӣ тарҳи тағйири қонуни асосӣ, ислоҳи қонунҳои марбут ба замин ва интихоботро омода кунанд.
Хунерзӣ дар Кения баъд аз интихоботи 27-уми декабр сар зад, махсусан пас аз он ки кумисюни интихоботӣ президенти феълӣ Кибакиро пирӯз эълон кард, аммо раҳбари мухолифон Одинга гуфт, баракс ӯ бештари овозҳоро ба даст овардааст. Нозирони байнулмилал низ аз қонуншиканиҳои зиёд дар интихобот гузориш доданд ва ҳукуматро дар таҳрифи натиҷаҳои раъйдиҳӣ масъул донистанд.
Эътирозҳои мухолифон бо бархӯрди шадиди тарафдорони президент мувоҷеҳ шуд ва хеле зуд кор ба хунрезӣ кашид. Як сабаби шиддат ин буд, ки ду тарафи даргир аз ду гурӯҳи гуногуни этникии Кения намояндагӣ мекарданд. Акнун, тибқи созишномаи сулҳ ҳарду бояд тафовутҳои худро канор гузоранд ва ҳамчун халки ягонаи Кения амал кунанд.
Кофӣ Анон, собиқ Дабири Кулли СММ, ки аз оғози низоъ ба Кения сафар кард ва даҳҳои нишасту мулоқоти тарафҳоро доир намуд, мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбе, гуфтушуниди ҳайатҳо ба шикаст рӯбарӯ шуд ва ӯ маҷбур гашт мустақиман бо сарони ду ҷониб мулоқот кунад. Анон аз созиши сулҳ истиқбол кард, вале гуфт, роҳи сахте дар пеш аст, зеро акнун бояд ин созишҳоро амалӣ намуд.
Бархе аз коршиносон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки созиш метавонад, як гашти муваққатӣ бошад, зеро дар гузашта низ Кибакӣ ва Одинга бо ҳам созиш карда, аъзои як иттиҳод буданд, баъдан аз ҳам ҷудо ва бо ҳам рақиб шуданд. Ба ақидаи ин коршиносон, яке аз омилҳои фишор ба онҳо эъломияи охири Амрико ва Иттиҳоди Аврупо буд, ки гуфтанд, дар ҳолати идомаи нооромиҳо, барномаҳои имдодии худро дар Кения қатъ хоҳанд кард.