Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мақоми 96. "Ақибнишинии зеҳнӣ" дар Тоҷикистон аз куҷост?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар ҷадвали имсолаи IQ (қобилияти зеҳнӣ) дар миёни 126 кишвар дар мақоми 96-ум ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ пойин аст. Масъулони Вазорати маориф ва илм дар номае ба Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки ба рушди зеҳни хонандагон таваҷҷуҳи хос доранд.

Сокинони Тоҷикистон танбалу кундзеҳн шудаанд?

Тоҷикистон дар шохиси қобилияти зеҳнӣ бо 93,55 хол поинтар аз Қирғизистон (94.85), Узбекистон (96.79) ва Қазоқистон (97.17) қарор гирифтааст.

"Агар ҷомеаи худамонро аз нигоҳи кор омӯзем, он вақт ин баҳоро дуруст мешуморем. Масалан, мардуми мо нисбат ба сокинони Узбекистон коҳил (танбал) ҳастанд. Коҳилӣ асарашро ба қобилияти зеҳнӣ гузоштааст. Танбалии ҷисмӣ моро ба танбалии андеша бурда," – гуфт адиби тоҷик Зиё Абдулло рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ.

Ӯ таъкид кард, ки қобилияти зеҳнӣ аз хурдӣ шакл гирифта, зина ба зина бояд рушд меёбад: "Варзиши шеър, дар хотир нигоҳ доштани таърихи гузаштаи худ аз сӯйи хонандагон муҳим аст… Фанҳои дақиқ низ нақши муҳим доранд, масалан, таҳлили масъалаҳо ва муқоисаи қонунҳои физика. Ин ҳама варзиши андешаи хонанда мешавад."

Зиё Абдулло. Акс аз бойгонӣ
Зиё Абдулло. Акс аз бойгонӣ

Зиё Абдулло дар посух ба ин пурсиш, ки барои рушди зеҳнӣ дар Тоҷикистон то куҷо низоми дурусти омӯзишу парвариш роҳандозӣ шудааст, гуфт, "дар пойтахт то андозае ба низом даромадааст, вале дар ноҳияҳо бисёр паст аст. Сабаби асосияш нарасидани омӯзгор. Вақте муаллим нест, дарс барои хонанда мисли афсона мешавад. Баръакс, зеҳни хонандаро кунд мекунад ва ақибнишинии зеҳнӣ сар мешавад."

Адиби тоҷик таъкид кард, ки бояд қобилияти муҳокима, таҳлил ва муқоиса дар барномаи дарсӣ дохил шавад, то зеҳни хонандаҳо дар Тоҷикистон рушд ёбад.

Аз назария ба амал?

Намояндагони Вазорати маориф ва илм дар номае ба Радиои Озодӣ "...гузаштан аз назария ба малака ва маҳорати амалӣ, пешниҳоди далелҳо роҷеъ ба маводи омӯхташуда ва худомӯзию эҷодкорӣ ва таҳлил"-и хонандагонро аз чораҳои рушди зеҳнии хонандагон номбар кардаанд.

"Гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон, ки 6 қадами маърифатии таксономияи Б.Блумро амалӣ менамояд (аз донистан то эҷод кардан), ки ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ равона шудааст," – гуфта шудааст дар посухи вазорат.

Маркази “Заковат” ҳафт сол боз ба рушди зеҳнии ноболиғону бузургсолон машғул аст. Раҳбари ин марказ, Ҳусейн Зайтметов, рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ роҳҳои рушди қобилияти зеҳниро чунин номбар кард:

“Якум, кӯдак ё калонсол бояд бо варзиш машғул шавад. Дуюм, барномарезии дуруст. Вақте ба майнаи сари худ мегӯед, хотири ман, қобилиятҳои зеҳнии ман хуб аст, он хуб шудан мегирад, вале чӣ қадаре танқид кардан гиред, ҳамон андоза суст мешавад. Бисёре аз падару модарон нисбат ба фарзандон барномарезии нодуруст мекунанд.”

Мусоҳиби мо хӯроки дуруст, муҳиту ҳавои тоза, бозиҳое ба мисли шоҳмоту ҳалли масъалаҳо, хондани китоб ва хоби нағзро аз омилҳои дигари рушди зеҳн номбар кард.

Дар шохиси нави байнулмилалии IQ Чин (107,43), Эрон (106,63) ва Кореяи Ҷанубӣ (106,57) дар сегонаи пешсафон қарор гирифтанд. Габон бо 85,56 хол дар ҷойи охирин истодааст.

Радабандиро Маркази байнулмилалии IQ нашр кардааст. Он ҳар сол дар моҳи январ нав мешавад. Ҳадаф баҳодиҳии сатҳ ё қобилияти зеҳнӣ дар кишварҳои гуногун тавассути муқоисаи ҷавобҳо дар ин махзани ҷаҳонист. Ба иттилои манбаъ, ин шохис бар асоси маълумоти беш аз 1 миллиону 300 ҳазор кас аз кишварҳои гуногун таҳия шуда, аз Тоҷикистон 422 тан дар санҷиш ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG