Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар бораи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил: "Хисорот ҷузъӣ буд"


Довуд Шайхон, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавои Исроил ба Эрон дар рӯзи 26-уми октябри соли гузашта ба ин кишвар "хисороти ҷузъӣ" ворид кард.

Ин фармондеҳ рӯзи 9-уми январ гузоришҳо дар бораи осеби ҷиддӣ дидани системаи дифои ҳавоии Эронро рад кард ва гуфт, осебҳои воридшуда дар он ҳамлаҳо "ҷуброн" шуд.

Исроил дар вокуниш ба ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар, субҳи 26-уми октябри соли гузашта ба чандин нуқтаи низомии Эрон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод.

Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ ва ҳамчунин бархе мақомҳои низомӣ дар дигар кишварҳо, дар ин ҳамлаҳо системаи ҳавоии Эрон осеби ҷиддӣ дид ва аз ҷумла, сомонаҳои дифои ҳавоии S-300 аз байн бурда шуд.

Бо ин ҳол, Довуд Шайхон дар барномаи "Сафи аввал"-и телевизиони Эрон ин гузоришҳоро рад кард ва гуфт, "сомонаҳое, ки дучори осеб шуда буданд", ба ҳолати қаблӣ баргаштанд.

Ин фармондеҳи Сипоҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки дар бахши дифои ҳавоӣ тавоноиҳои худро тақвият додаанд.

Ҳудуди се ҳафта пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, нахуствазири ин кишвар эълон кард, ки ҳамлаҳои субҳи 26-уми октябр амалан боиси аз байн бурдани дифои ҳавоӣ, тавони тавлиди мушакӣ ва "як бахши хос" дар барномаи ҳастаии Эрон шуд.

Бенямин Нетаняҳу дар порлумони Исроил гуфт, ки дар ҳамлаи рӯзи 1-уми апрел як сомонаи S-300 ва дар ҳамлаи 26-уми октябр се сомонаи боқимондаи S-300 дар Эрон ҳадаф қарор гирифтанд.

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар рӯзҳои ахир размоишеро бо номи "Иқтидор" баргузор кард, ки бахши ҳавоии он дар атрофи таъсисоти ҳастаии "Натанз" анҷом шуд.

Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ дар бораи ҳамлаи Исроил дар 26-уми октябр гузориши рушане дар бораи мизони хисорот ва нуқтаҳое, ки ҳадаф қарор гирифтанд, ироа накардааст.

Ин мақомҳо шумори кушташудаҳо дар ин ҳамлаҳоро 4 нафар эълон карданд ва гуфтанд, ки интиқом хоҳанд гирифт.

Тайи моҳҳои ахир ба гурӯҳҳои мавриди пуштибонии Эрон дар минтақаи Ховари Миёна осеби ҷиддӣ ворид шудааст ва ба гуфтаи як фармондеҳи баландпояи Сипоҳи посдорон, сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия, "бохти баде" барои Ҷумҳурии исломӣ буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG