Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Аҳмади Иброҳим: "Касе гапи моро намегирад, на Додгоҳ, на раиси шаҳр"


Қурбонбӣ Чӯпонова, ҳамсари Аҳмади Иброҳим
Қурбонбӣ Чӯпонова, ҳамсари Аҳмади Иброҳим

Хешовандони Аҳмади Иброҳим, сардабири маҳкумшудаи нашрияи "Пайк", аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ӯро аз боздошт раҳо ва ҳукмашро бекор кунанд.

Аҳмади Иброҳим дар моҳи августи соли 2024 дастгир шуд. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ӯро рӯзи 10-уми январ бо гуноҳи "ришвадиҳӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.

Қурбонбӣ Чӯпонова, ҳамсари Аҳмади Иброҳим, мегӯяд, шавҳараш гуноҳ надорад ва бояд ба назди фарзандону набераҳо баргардад.

"Ним сол шуд, ки ба СИЗО (Боздоштгоҳ) меравам. Ба мо нишон намедиҳанд. Ягон кас гапи моро намегирад. На Суд (Додгоҳ) гапамонро мегирад, на раиси шаҳр. Шавҳари маро ба ифротгароӣ мутаҳам карданд. Дигар раҳгум задем," – шикоят кард ӯ рӯзи 13-уми январ.

Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ
Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ

Мақомот ҷузъиёти парванда ва ҳукми Аҳмади Иброҳимро ошкор накарданд.

Худаш чанд рӯз пеш аз эълони ҳукм дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта ва кори дасти "як раису ду корманди мақомот" номид, аммо аз касе ном нагирифт.

Одинагул Иброҳимова, хоҳари Аҳмади Иброҳим, мегӯяд, "агар ӯ тамаъҷӯ мешуду порахӯр, биоянд хонаву дарашро бинанд. Бинанд, ки туҳматгарон чӣ доранд ва ӯ чӣ хел хонаву дар. Мо ба ин ҳукми нодуруст розӣ нестем."

Хонаводаи Аҳмади Иброҳим талаб доранд, ки парванда ва ҳукми ӯ бозбинӣ шавад. Онҳо мегӯянд, вазъи саломати рӯзноманигор дар шаш моҳи охир бад шудааст.

"Аз писараш хостанд, ки дору барад, чун бемор аст. Илтимос, ҷаноби олӣ, як бор моро гӯш кунед, фармон диҳед, ки ҳамроҳи Шумо суҳбат кунем," – гуфт Ширинмоҳ Иброҳимова, хоҳари Аҳмади Иброҳим.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дархости наздикони Аҳмади Иброҳим аз мақомот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст.

Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.

Созмонҳои байнулмилалӣ, ба мисли Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон ва Гузоришгарони Бидуни Марз, солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хабарнигорону маҳдуд кардани озодии баён танқид мекунанд. Ба ҳисоби ин ду созмон, танҳо дар солҳои 2022 ва 2023 дар Тоҷикистон 8 хабарнигору блогер ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG