Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Созиши оташбас дар Ғазза дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст


Ғазза, Фаластин.
Ғазза, Фаластин.

Тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ, Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар остонаи созиши оташбас қарор доранд.

Чанд соат пас аз он, ки Қатар эълон кард, матни ниҳоии созиши оташбас дар Ғазза дар ихтиёри тарафҳо қарор гирифтааст, президенти Амрико ҳам аз наздик будани дастёбӣ ба ин созиш хабар дод.

Ҷо Байден шоми душанбеи 13-уми январ гуфт, "мо дар остонаи даст ёфтан ба оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо ҳастем ва ба шиддат фишор меоварем, ки тавофуқро қатъӣ кунем".

Созиши эҳтимолӣ миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико ҷараён дорад ва намояндагоне аз ҳукумати феълӣ ва баъдии Амрико дар гуфтугӯҳои Давҳа ҳузур доштанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони тундрав эътироф кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед аз гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден бо Тамим Бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар бораи ин созиш хабар дод. Мақомоти амрикоӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки қарор аст Ҷо Байден бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср, низ сӯҳбат кунад.

Музокироти оташбас ва озодии гаравгонҳо дар ҳафтаҳои ахир дар Давҳа, пойтахти Қатар, ҷараён дошт, аммо ба вижа аз рӯзи шанбе умедҳо ба натиҷабахш будани ин гуфтугӯҳо афзоиш ёфт.

Рӯзи шанбе Стев Виткофф, намояндаи вижаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар умури Ховари Миёна, дар Байтулмуқаддас бо нахуствазири Исроил дидор кард ва пас аз он дафтари Нетаняҳу аз мувофиқати ӯ бо фиристодани ҳайате баландпоя ба Давҳа хабар дод.

Рӯзи душанбе ҳамчунин амири Қатар бо ҳайате аз мақомҳои баландпояи гурӯҳи "Ҳамос" мулоқот кард. Расонаҳо аз ҷаласаи муштараки амири Қатар бо намояндагони Ҷо Байден ва Доналд Трамп хабар доданд.

Ба навиштаи вебсайти Axios, ба назар мерасад, ки созиш дар дастрас аст ва Исроил дар интизори посухи "Ҳамос" мебошад. Бинобар ин гузориш ва ба нақл аз ду мақоми исроилӣ, қарор аст "Ҳамос" тайи 24 соати оянда посухи худро ба матни пешниҳодӣ ироа кунад.

Ҷузъиёте аз матни пешниҳодии созиши нав ба таври расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳои гуногун ба нақл аз манбаъҳои худ ба бахшҳои калидии он ишора кардаанд.

Аз ҷумла, тибқи гузоришҳо, созиш ҳамчунон шомили се марҳила аст, ки дар марҳилаи аввали он оташбас ба муддати шаш ҳафта дар Ғазза барқарор мешавад ва 33 гаравгони исроилӣ ва ҳамчунин шуморе аз зиндониёни фаластинӣ гом ба гом озод мешаванд.

Вебсайти Axios ва ҳамчунин бархе расонаҳои исроилӣ гузориш додаанд, ки давоми марҳилаи аввал, нерӯҳои Исроил ба тадриҷ ба минтақаи ҳоил ё буфферӣ дар наздикии марз ақибнишинӣ хоҳанд кард ва аз маркази Ғазза ва долони "меҳвари Салоҳиддин" дар наздикии марзи Миср, низ хориҷ хоҳанд шуд.

Бӯҳрони кунунии рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Гурӯҳи "Ҳамос" дар ин рӯз ба Исроил ҳамла кард ва ҳудуди 1200 нафарро кушт ва наздик ба 250 танро ба гаравгон бурд.

Ба дунбол, Исроил дар Ғазза амалиёти низомиро оғоз кард, ки ба гуфтаи мақомҳои зери назари "Ҳамос", то кунун беш аз 46 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари қурбониёни ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG