Гурӯҳе аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Екатеринбург шикоят карданд, ки мақомоти Русия онҳоро тарқибан се ҳафта боз дар якҷо бо муттаҳамон ба ҷиноят нигоҳ дошта, аз дарёфти хӯроки гарму муқаввӣ маҳрум кардаанд. Муҳоҷирон дар ИВС ё боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат ҳастанд ва мунтазири қарори ихроҷ.
“Хӯроки худашон ҳаст, аммо хӯрдан намешавад. Ягон чиз даровардан намемонанд," – шикоят кард яке аз муҳоҷирон рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ. Номи ӯ ба далели амниятӣ нашр намешавад.
Ин муҳоҷирро рӯзи 25-уми декабри соли 2024 барои риоя накардани қоидаи иқомат дар Русия дастгир кардаанд. Мегӯяд, ки як шабро дар Идораи корҳои дохилӣ гузаронд.
“Рӯзи 26-уми декабр аз Додгоҳ ба ИВС (тавқифгоҳ, боздоштгогоҳи кӯтоҳмуддат) дар ноҳияи Первоуралский оварданд. 15 рӯз шуд, ки дар инҷо маҳкамем. Хӯроки гармро надидем. Аз 29-уми декабр даровардани ролтону доширакро ҳам манъ карданд. Хӯроки мо фақат хлебу қандчой,” – ба нақлаш идома дод мусоҳиби мо.
Видео дар Инстаграм:
Муҳоҷиронро дар Русия маъмулан барои риоя накардани қоидаи иқомат ё қонуншикании хурд ба марказҳои нигаҳдории муваққатӣ барои хориҷиён бурда, аз онҷо ба зодгоҳашон мефиристанд.
Баъд аз ҳамла ба толори консертии “Крокус” ва зиёд шудани боздоштҳо, панҷ Боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат ё ИВС-ро дар вилояти Свердловск барои нигаҳдории муҳоҷирон ҷудо кардаанд. Шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯянд, онҳоро дар ин боздоштгоҳҳо ба мисли зиндонӣ нигаҳ медоранд ва бо онҳо мисли ҷинояткор рафтор мекунанд.
“Гуруснаву ташна нишастем. Ҳамсари баъзе аз бародарон дар Русия аст. Санбуса, ош оварданд. Намонданд даровардан. Мегӯянд, инҷо зиндон аст, на Боздоштгоҳи муваққатӣ барои хориҷиён. Мо гуфтем, хуб, вале мо зиндонӣ нестем,” – шикоят кард муҳоҷири дигар.
Ин афрод рӯзи 9-уми январ ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург муроҷиат карда, хоҳони расидагӣ ба мушкилашон шуданд. Масъулон ваъдаи кумак додаанд.
Ёқубҷон Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург, мегӯяд, вақте марказҳои нигаҳдории муваққатӣ пур аст, муҳоҷиронро дар ИВС ё тавқифгоҳҳо ҷой мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, шароити нигаҳдорӣ дар ин ду муассиса аз ҳам фарқи зиёд надорад, танҳо овардани хӯрок ба тавқифгоҳ манъ аст.
"Воқеан ҳам, ба боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат овардани хӯроки хонагӣ манъ аст. Ин барои пешгирӣ аз заҳролудшавии эҳтимолист,” – шарҳ дод ӯ.
Муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик дар Екатеринубрг ҳоло мехоҳанд, ҳарчи зуд қарори ихроҷашон ба Тоҷикистон содир шаваду зиндонро тарк кунанд. “Бисёре аз муҳоҷирони узбеку қирғиз барвақт ба кишварҳояшон баргардонда шуданд. Бештар тоҷикон дар азобанд,” – гуфт яке аз муҳоҷирон.
Видео: