Маскав ва Вошигтон дар муносиботи диплуматии худ таърихи тӯлонии ихроҷи диплумотҳои якдигарро доранд.
Чунин раванд ҳатто бо афтодани пардаҳои филизӣ низ қатъ нашуд. Чунин кор дар ҳамин рузҳо низ иттифоқ афтод. Намояндаи Кохи Сафед мегӯяд, ихроҷи кунунӣ мисли ихроҷи солҳои «ҷанги сард» чандон душманона нест. Сухангӯи Кохи Сафед Шон Маккормак гуфтааст, ихроҷи ду фиристодаи низомии Амрико ё атташеи низомӣ аз Маскав дар посух ба ихроҷи ду диплумоти Русия аз Вошингтон дар 6 моҳи ахир будааст.
Вазорати хориҷаи Русия ва сафорати ин кишвар дар Вошингтон аз додани тавзеҳот дар бораи ин ихроҷ худдорӣ кардаанд. Вазорати дифоъи Амрико низ гуфтааст, ки роҷеъ ба ин масъала суҳбат намекунад. Шон Маккормак танҳо ёдовар шудааст, ки ин ихроҷ муҳим нест ва Русия дар ин замина даст ба иқдоми ҷавобӣ задааст. Ба гуфтаи вай, Амрико моҳи ноябр як корманди вазорати дифоъи Русия ва як моҳи пеш як нафари дигарро аз Амрико ихроҷ кардааст: "Русҳо дар бораи ихроҷ ба мо баъзе сабабҳо пешниҳод кардаанд. Мо бовар дорем, ки ихроҷ мудаллал нест. Вале ҳамаи мо медонем, ки дар ҷаҳони дипломатия гаҳ-гоҳе чунин мешавад".

Шон Мак Кормак аз додани тавзеҳот дар бораи сабабҳои ин ихроҷ худдорӣ кард ва гуфт, Вошингтон ба чунин рафтори Русия даст ба иқдоми ҷавобӣ нахоҳад зад: "Мо нигарон ҳастем. Пофишорӣ намекунем, ки даст ба иқдоми баъдӣ мезанем. албатта ҳама вақт мо ҳақ дорем, ки даст ба иқдоми баъдӣ занем, вале дар мавриди кунунӣ ман мебинам, ки мо дар ҷавоб даст ба ҳеҷ иқдоми баъдӣ намезанем".