Кумитаи забон аз баргардондани "Ц" ҷонибдорӣ накард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз тасмими баргардондани ҳарфи "Ц" ба алифбои тоҷикӣ ҷонибдорӣ накард. Абдураҳим Зулфониён – як масъули Кумита – рӯзи 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина далелу тавсияҳои худро ба Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳо фиристодаанд.