Тарҳи нав аз афсарони Горди Русия муаррифии худро талаб хоҳад кард

Думаи давлатии Русия тарҳи наверо баррасӣ мекунад, ки бино бар он кормандони Горди Русия ё "Росгвардия", як ниҳоди вижаи ҳарбӣ ва интизомӣ, вазифадоранд, ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон худро шиносоӣ кунанд ва шаҳодатномаи корияшонро нишон диҳанд. Вале дар тарҳи нав гуфта мешавад, ба фарқ аз кормандони пулис ин талабот аз кормандони Горди Русия танҳо ҳолатҳои муайянро фаро хоҳад гирифт:

  • Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои шахсе, ки гумон меравад, таҳти пайгард аст.
  • Ҳангоми қабули силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ барои нигаҳдорӣ
  • Ҳангоми тафтиши гардиши силоҳ
  • Ҳангоми додани парвонаи Ширкати Хусусии Посбонӣ
  • Ҳангоми тафтиши парвонаи Ширкати Хусусии Посбонӣ
  • Ҳангоми тафтиши шароити нигаҳдории аслиҳа
  • Ҳангоми даромадан ба иншооти таҳти посбонӣ
  • Ҳангоми бо ҳукми додгоҳ мусодира шудани силоҳашон

Ҳоло ҳангоми боздошти шахсе кормандони Горди Русия танҳо уҳдадоранд, сабаби чунин амалро шарҳ диҳанд. Ба фарқ аз кормандони пулис, қонуни нав кормандони Горди Русияро вазифадор намекунад, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон худро шиносоӣ кунанд. Онҳо ҳамчунин аз ин тартиб озоданд, агар ҷонашон зери хатар ё пайомадҳои сангин аст.

Тарҳи нав танҳо ҳолатҳоеро дар назар хоҳад дошт, агар кормандони Горди Русия вазифаҳои монанд ба пулисро ба ҷой оранд, аз ҷумла навбатдорӣ дар кучаҳо, тафтиши кори ниҳодҳои посбонӣ ва ғайра. Вале қонуни нав ба он кормандони Горди Русия, Гуруҳи Таъйиноти Махсус ё Пулиси вижа пайванд нахоҳад гирифт, ки вазифаҳои ҳарбиро ба ҷой меоранд.