Муҳсин Раҳимӣ: Филми "Беҳтарин" дар бораи Наврӯзи Тоҷикистон аст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷашни Наврӯзи тоҷикон ва ҳам қиссаи ишқи гумкардаи “Беҳтарин” як ширкатдори 17-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмониии Қазон буд, ки 10-уми сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористор натиҷагирӣ шуд. Филми коргардони эронитабор Муҳсин Раҳимӣ, ки дар ҷашнвора аз Кувайт ва Тоҷикистон намояндагӣ кард, ҷоизае набурд, вале намоиши он дар як маҳфили эҷодӣ хуб истиқбол шуд.