Юсуфзай, ки дар чорабиние бахшида ба 10-умин солгарди марги Нелсон Мандела дар Йоҳанесбурги Африқои Ҷанубӣ суханронӣ мекард, гуфт, "Толибон" аз замони бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 "духтар буданро ғайриқонунӣ" эълом кардаанд ва ин боис ба ноумедии бисёриҳо шудааст.
“Ҳамагӣ ду сол пеш бонувон дар Афғонистон кор мекарданд, вазоратхонаҳоро раҳбарӣ ва озодона сафар мекарданд. Духтарони синни гуногун футболбозӣ ва дар мактаб таҳсил мекарданд. Ҳарчанд на ҳама чиз мукаммал буд, пешравӣ ба назар мерасид," - изҳор дошт ӯ.
Малола Юсуфзай соли 2014 ва дар 17-солагӣ ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд, ки барои тарғиби таҳсилу маориф ба муътабартарин ҷоиза дар ҷаҳон мушарраф шуд.
Соли 2012 дар ҳодисае шахсони мусаллаҳи ниқобпӯш ба автобусе, ки бояд ӯву духтарони дигарро аз мактаб ба хона интиқол медод, ворид шуда, ба сараш тир кушоданд.
Баъди онки Малола аз ҳамлаи мудҳиш наҷот ёфт, ӯро бо ҳавопаймо барои анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ бурданд. Малола аз минтақаи Своти Покистон аст. Ин минтақаро Толибон таҳти назорати худ доштанд ва баъдан бо пахши изҳороте масъулияти ҳамла ба Малоларо бар дӯш гирифтанд.
Дар изҳороти Толибон гуфта шуд, ки таблиғи таълиму маориф дар як блоги вебсайти урдузабони шабакаи ҷаҳонии BBC аз ҷониби Малола боис ба ташкили ин ҳамла шуд.