"Тоҷик Эйр" ба самти Кӯлоб парвоз мекунад

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр".

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз оғози парвозҳояш дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хабар дод.

Ин ширкат бо нашри як эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, парвозҳоро дар ин масир ҳафтае се маротиба - рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе, анҷом хоҳад дод.

Тибқи ин хабар, мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз дафтари ин ширкат, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Мастонгулови Душанбе, харидорӣ кунанд. Арзиши чипта аз як самт 300 сомонӣ муайян шудааст. Тибқи ин хабар, парвози нахуст аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ сурат мегирад.

Феълан нархи роҳ бо автомашинаҳо аз пойтахт ба шаҳри Кӯлоб аз 70 то 100 сомонӣ гуфта мешавад. Баъзе аз сокинон дар шарҳи ин хабар аз гаронии нарх шикоят карда, хостори арзон кардани он шудаанд. Баъзе ҳам бо истиқбол аз ин иқдом, ба бехатарии он таъкид кардаанд.

Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 ба ин тараф парвоз намекарданд. Моҳи сентябри соли гузашта масъулини ин ширкат аз роҳандозии нахустин парвоз дар масири Душанбе-Хоруғ хабар доданд.