Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, соли 2024 фаъолияти 651 иншоот “бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд”.
Ин маълумот дар ҷараёни ҷаласаи натиҷагирӣ аз соли кории вазорати тандурустии Тоҷикистон садо дод, ки рӯзи 8 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҷаласаи васеъ бо иштироки вазир Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини нахуствазир Дилрабо Мансурӣ баргузор шуд.
Дар хабаре, ки дар саҳифаи фейсбуки вазорат чоп шудааст, аз ҷумла омадааст, ки дар соли гузашта кормандони вазорат дар тақрибан 17 ҳазор муассиса аз лиҳози мутобиқ буданашон ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ санҷиш барпо намуданд ва дар паи он нисбати беш аз 11,5 ҳазор шахси масъул протокол тартиб дода шуд.
Дар муддати як сол, вазорат аз истеъмоли 413 тонна хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта пешгирӣ кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додситонӣ гуфт, бактерияи “Эколӣ” даҳҳо сокини Хуҷандро заҳролуд кардааст. ВИДЕОПарванда алайҳи мудири ошхонае, ки мурғҳоро зинда дар дег мепухтЧаро аз даруни нон меху тугма мебарояд?