Кори соҳибкорони тоҷикро то соли 2027 танҳо мақомоти андоз месанҷанд - фармони президент

Идимоҳ Султонзода, соҳибкоре аз Норак маҳсулоти ширкаташро намоиш медиҳад. Акс аз соли 2018

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо як фармонаш аз 10 январ санҷиши кори ширкатҳои  соҳибкорӣ  дар кишварро ба мӯҳлати ду сол барои сохторҳои тафтишотии кишвар, ба ҷуз мақомоти андоз, манъ кард.

Фармон то 1 январи соли 2027 амал мекунад. "Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ” чун зарурати имзои чунин фармон шарҳ дода шудааст.

Дар санад изҳори боварӣ мешавад, ки чунин моратория барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя таъсири мусбат мерасонад. Ин бори панҷум аст, ки аз соли 2008 ба ин сӯ (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ва 2005) президенти Тоҷикистон фармони манъи тафтиши кори соҳибкоронро дар кишвар дар муддатҳои муайян қабул мекунад.

Вале бо ин вуҷуд, соҳаи соҳибкории хурду миёна, ки дар бисёр кишварҳо пойдевори рушди иқтисод дониста мешавад, дар Тоҷикистон дорои мушкилоти фаровон мебошад. Соҳибкорон дар Тоҷикистон аз қарзҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасод ва набуди шаффофият дар муносибати корӣ бо сохторҳои давлатӣ, монополия шудани соҳаҳои даромадноки иқтисод аз ҷониби ширкатҳои наздик ба ҳукумат, набуди рақобати солим ва андозҳои баланд шикоят мекунанд.

Як сол пеш аз эълони мораторияи ахири санҷиши кори соҳибкорон дар соли 2021 дар Тоҷикистон кори беш аз 20 ҳазор соҳибкор бас шуд. Як далелаш - тафтишҳои беасосу пайдарпайи мақомот гуфта мешуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳмон амр додааст, ки соҳибкоронро "ғам надиҳанд". Иҷро мешавад? ВИДЕО"Мошинашро мешӯянд, пул намедиҳад". Баҳси соҳибкор бо маъмурони милиса то додситонӣ рафт. ВИДЕО Саҳми занон дар бахши хусусии иқтисод"Мегӯянд, пул деҳ." Сабаби баҳси тоҷирон ва маъмурияти бозори Турсунзода чист? ВИДЕО