Нахуствазири Гренландия: мо на амрикоӣ ва на даниягӣ, мо гренландӣ будан мехоҳем

Нахуствазири Гренландия Мюте Эгеде (аз чап) ва сарвазири Дания Метте Фредериксен дар нишасти матбуотие дар шаҳри Копенҳаген. 10 январ

Нахуствазир Мюте Эгеде гуфт, ҷазираи Гренландия дар талоши дастёбӣ ба истиқлолият аст ва намехоҳад, ки тобеи Дания ё ИМА бошад.

Дар ин бора рӯзи 10 январ Мюте Эгеде дар як нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Дания Метте Фредериксен изҳори назар кард. Эгеде дар вокуниш ба изҳороти президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп дар бораи эҳтимоли ба ҳайати Амрико ворид кардани ҷазираи Гренландия гуфт, “мо мехоҳем гренландӣ бошем”. Ӯ инчунин гуфт, ки ин ҷазира барои ҳамкорӣ бо ИМА омода мебошад, вале сарнавишти онро танҳо сокинони Гренландия таъин хоҳанд кард.

Метте Фредериксен, нахуствазири Дания истиқлолталабии Гренландияро «як талоши қонунӣ ва қобили дарк” номид, вале таваҷҷӯҳи ИМА-ро ба ин ҷазира як иқдоми мусбат арзёбӣ намуд. Айни замон ӯ гуфт, ки хостори дар ҳайати шоҳигарии Дания ҳифз шудани Гренландия мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки Гренландия фурӯхта намешавад, вале Дания омода аст ҳамроҳ бо ИМА дар коркарди захираҳои он ҳамкорӣ кунад. Ӯ инчунин аз сармояи нокофӣ ба амнияти ҷазира таъкид намуд. Қаблан ИМА ва Дания аз талошҳои Чин барои сармоягузорӣ ба зербиноҳои ҷазираи Гренландия пешгирӣ карда буданд.

Гренландия дар тамоми масъалаҳо, ба ҷуз сиёсати хориҷӣ ва амният дорои мухторият мебошад ва муддатҳои зиёд аст, ки дар фикри дастёбӣ ба истиқлолият аст. Аммо ҳамеша бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст. Financial Times менависад, нақши ин ҷазира дар Арктика ба хотири захираҳои табиӣ, пойгоҳи низомии амрикоӣ ва роҳҳои баҳриаш хеле муҳим дониста мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон дар миёни 20 кишваре, ки иқтисодашон рушд накардаастТрамп тасвири "меҳмонсарояш" дар Гренландияро нашр кардТрамп гуфт, харидори ҷазираи Гренландия аст