Дар Қирғизистон духтаре боздошт шуд, ки эҳтимолан навзодеро дар масҷид партофта буд

Полиси Қирғизистон гуфт, ки духтари 16-солаеро боздошт кардааст, ки эҳтимолан дар масҷиди шаҳри Қизилкии вилояти Ботканд як ҳафта пеш кӯдаки навзодеро партофта рафтааст.  

Полиси вилоятӣ гуфтааст, ки сокини деҳаи Орозбековои ноҳияи Қадамҷойро рӯзи 10 январ боздошт намуд. Тафтиш шурӯъ шудааст. Дар бораи кӯдаки партофташуда рӯзи 4 январ имоми масҷиди Ал-Ғуфрон хабар дод. Ӯ гуфт, ки навзод дар як латта печонида шуда буд ва ӯро зуд ба беморхонаи шаҳри Қизилкиӣ интиқол доданд. Вазъи саломатии кӯдак мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ҷузъиёти дигар феълан маълум нест.

Як сол пеш аз ин дар Қирғизистон чанд ҳодисаи пайдо шудани навзодҳои партофташуда сабт гардид. Аз се навзоде, ки дар фурсати хеле кам байни ҳам дар шаҳрҳои Бишкек ва Ҷалолобод ёфт шуданд, ду нафараш дар дохили қуттии ахлот буданд. Боздошту сӯҳбат бо модарони навзодҳо ошкор намуд, ки ҳамаи онҳо то 21-сола буда, кӯдаконро бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ва аз тарси волидон даст ба ин кор заданд.

Баъди ин дар ҷомеаи Қирғизистон зарурати ҷорӣ кардани беби-бокс ё қуттиҳо дар назди таваллудхонаҳо барои кӯдакони партофташуда доғ шуд, то ки ҷони навзодҳо дар хатар намонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Се кӯдаки тоҷикро аз Русия баргардонданд ва ба ятимхона бурдандТоҷикони муштоқи фарзанд дар хориҷ ва монеаҳои фарзандхонӣ"Таваллуд мекунанду... кӯдаконро мепартоянд" ВИДЕО“Чаро ду фарзандамро ба интернат супурдам?” ВИДЕО