Доналд Трампро "бешарту шурут озод карданд"

Додгоҳе дар Ню Йорк қарор кард, ки Доналд Трамп аз рӯи парвандаи сохтакории ҳуҷҷатҳои корӣ бо мақсади пинҳон кардани ҳодисаи пардохти 130 ҳазор доллар ба ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ Сторми Дениэлс “бешарту шурут озод карда шавад”.

Пул барои пинҳон доштани робитаҳои маҳрамонаи Трамп бо Дениэлс дар давраи ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 пардохт шудааст. Трамп ҳамоно аз рӯи 34 мавриди вобаста ба тақаллуби санадҳо гунаҳгор дониста мешавад ва ин ҳукм ҳанӯз баҳори соли гузашта аз ҷониби ҳайати ҳакамон содир шуда буд.

Додгоҳ қарор кард, ки ба хотири эҳтиром ба сохтори президентии кишвар Трампро озод мекунад. Худи Трамп гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, дар таҳияи санадҳо муҳосибон ба хато роҳ додаанд. Рӯзи 4 январи имсол ҳам пеш аз додгоҳ ӯ дар шабакаи Truth Social гуфт, ин додгоҳ як “ҳамлаи сиёсӣ” мебошад.

Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи Амрико аст, ки дар содир кардани ҷиноят муттаҳам шудааст. Дар маҷмӯъ зидди ӯ чор парванда боз шуда буд. Се парвандаи дигар ба ҳифзу нигаҳдории нодурусти санадҳо, талоши дахолат ба интихоботи президентии соли 2020 ва талоши ғасби қудрат (ҳуҷум ба Капитолий дар моҳи январи соли 2021) рабт доранд. Аз ин пеш прокурори вижа аз иттиҳомҳои оид ба ҳифзи нодурусти санадҳо ва дахолат ба интихобот даст кашид.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Трампро ба ҷиноят гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бисёр бегуноҳам"Трампро гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бегуноҳам"Ҳунарпешаи амрикоӣ муносибати маҳрамонаашро бо Трамп шарҳ додДодгоҳ Доналд Трампро 9 ҳазор доллар ҷарима баст