Дар кори анҷуман аз 64 ҷомеъаи муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Русия 88 вакил, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва донишмандони тоҷику руси тоҷикистонӣ ширкат карданд. Анҷумани муассисон Ойинномаи «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия»-ро баррасӣ ва қабул кард. Дар Ойинномаи созмон таъкид шудаст, ки «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» ташкилоти фарҳангист ва дар ҳамкории танготанг бо мақомоти Русия барои ҳифзи забон, таърих урфу одати муҳоҷирон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад.
Анҷумани муассисон Абдулло Сатторӣ, пизишки тоҷики муқими Маскавро, раиси «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия» интихоб кард. Кумитаи иҷроияи «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» ҳам иборат аз 73 ташкил шуд. Ба кумита раисони созмонҳои минтақавии муҳоҷирони тоҷик ва донишмандони муҳоҷири тоҷику рус шомил шудаанд .
Ташкили нахустин созмони саросарии муҳоҷирони тоҷикистониро Сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев руйдоди таърихӣ номид ва табрик кард.
Давид Фелдштейн, муъовини райси Академияи маъорифи Русия, зода ва парвардаи шаҳри Душанбе бо зарур хондани ҳамойши ҳамдиёрон, аз донишмандони бузурги тоҷик Бобоҷон Ғафурову Алоуддин Баҳоваддинов ёд кард, вале таъкид кард, ҳайф аст, ки мардуми тоҷик бо он чунон фитрати офаранда муздур бошад.