Байден ваъда додааст, се амрикоиро аз Афғонистон берун меорад

Ҷо Байден

Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, се амрикоии дастгиршударо ба ҳар қимате аз Афғонистон берун хоҳад овард.

Кохи Сафед дар ин бора рӯзи 12-уми январ хабар дод.

Райан Корбетт, Ҷорҷ Глезман ва Маҳмуд Ҳабибӣ аз соли 2022 дар Боздоштгоҳи "Толибон" дар Афғонистон ҳастанд.

Байден рӯзи 12-уми январ бо пайвандони онҳо дар Вашингтон суҳбат кард. То поёни маъмурияти ӯ як ҳафта мондааст.

Хабаргузории "Reuters" пештар гузориш дод, ки маъмурияти Байден барои раҳоии се амрикоӣ аз моҳи июли 2024 бо "Толибон" музокира дорад.

Ба навиштаи манбаъ, дар ин гуфтушунид озодии Муҳаммадраҳим ал-Афғонӣ дар ивази раҳоии се амрикоӣ матраҳ аст. Ал-Афғонӣ, ки яке аз шарикони Усома бин Лодин, бунёдгузори созмони террористии “Ал-Қоида” номбар мешавад, аз соли 2008 дар зиндони Гуантанамост.

Райан Корбетти 40-сола дар Афғонистон имдодгар буд.

Маҳмуд Ҳабибии 37-сола раёсати Идораи ҳавонавардии ҳукумати пешини Афғонистонро бар уҳда дошт.

Ҳарду дар моҳи августи 2022, баъд аз як соли тасарруфи Афғонистон аз тарафи “Толибон” дастгир шуданд.

Ҷорҷ Глезман 66 сол дорад. Вай низ дар соли 2022 ҳангоми боздид аз Афғонистон боздошт шуд.