Боздошти як сокини Конибодом барои "ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" ба Украина

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Мақомоти тоҷик як сокини шаҳри Конибодомро, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Украина гумонбар дониста мешавад, дастгир кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабар гуфт, ин марди 36-сола чандин нафарро бо ваъдаи таъмини ҷойи кор бо маошу шароити хуб ба сифати фурӯшанда ва дигар ихтисосҳо ҷалб намуда, аммо ба онҳо музди меҳнаташонро напардохтааст. Ҳамчунин, шиносномаҳояшонро аз дасташон маҷбурӣ гирифта, то лаҳзаи баргашташон бо худ нигоҳ доштааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар як марди 33-соларо ба сифати фурӯшанда ҷалб карда, ба ӯ 900 ҳазор рубли Русия зарар расонидааст. Ба ҳамин монанд, ба нафари дигар 4 миллиону 800 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонида, баръакс, иддао кардааст, ки гӯё ҷабрдида аз ӯ 15 ҳазор доллар қарздор аст. Ҳамин тавр гумонбар ба се нафари дигар наздик ба 3 млн рубл зарар расонидааст.

Аз гумонбар ном бурда нашуда, назари худи ӯ ба ин иттиҳом дастрас нест.

Ба иттилои мақомот, зидди ӯ барои "ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ", парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.