CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, Аҳмади Иброҳимро озод кунанд

Аҳмади Иброҳим. Акс аз бойгонӣ

Як созмони ҳомии хабарнигорон ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим сахт танқид кард.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 13-уми январ аз мақомот хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндониро раҳо кунанд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, "ҳукми сангин нисбат ба Аҳмади Иброҳим баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон барои аз байн бурдани гузоришҳои танқидӣ ба чӣ кор қодир ҳастанд."

Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "Тоҷикистон дар бештар аз як даҳсола матбуоти мустақилро пурра аз байн бурд".

Гулноза Саид

"Ҳукумати Тоҷикистон бояд Аҳмади Иброҳим ва ҳафт рӯзноманигори дигарро, ки бо иттиҳомҳои интиқомҷӯёна зиндонӣ шудаанд, фавран озод карда, фазои саркӯбкунандаро ислоҳ кунанд," – афзуд Гулноза Саид.

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили "Пайк", рӯзи 10-уми январ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ӯро ба ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор донист. Худаш дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта хонд. Пайвандонаш низ раҳоии ӯро талаб доранд.

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст.

Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.