Ҳамчунин гуфта шудааст, агар Трамп дар оянда фармонро дар бораи ифшо накардани маълумот риоя накунад, ҳабси пешакии ӯ баррасӣ хоҳад шуд.
Ин 9 ҳазор доллар ҷарима ба 9 изҳороти Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт дорад. Ба гуфтаи додрас Хуан Мерчан, президенти пешини Амрико бо ин изҳороти худ фармонро дар бораи фош накардани маълумот вайрон кардааст.
Сухан дар бораи баррасии парвандае меравад, ки Доналд Трамп дар доираи он ба сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади таъсир расондан ба натиҷаи интихоботи президентии соли 2016 муттаҳам аст.
Додситонии Манҳэттен гуфта буд, ки Трамп пардохти 130 ҳазор доллари маъракаи интихоботиро ба ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс пинҳон кардааст. Дэниэлс гуфта буд, ки бо Трамп робитаҳои маҳрамона дошт ва таҳдид кард, ки дар маъракаи интихоботӣ фошгӯӣ хоҳад кард.