17 довари тоҷик соли 2025 бозиҳои байнулмилалиро ҳакамӣ мекунанд

Гулмуроди Саъдулло, довари футбол.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) дар сомонаи худ рӯйхати доваронеро, ки дар соли 2025 дар бозиҳои мусобиқоти байнулмилалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр намудааст.

Дар ин рӯйхат шумораи ҳакамон аз Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта се нафар афзоиш ёфта, ба 17 расидааст. Шаш нафарашон довари FIFA, ҳашт кас ёвари довари FIFA ва ду нафари дигар доварони FIFA дар риштаи футзал мебошанд.

Ду довар аз шаҳри Душанбе - Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Хуҷаназарова, ки ба рӯйхати видеодоварони FIFA дохил шудаанд, ҳаққи доварӣ дар бозиҳои байнулмилалиро ҳамчун VAR пайдо кардаанд.

Рӯйхати доварон аз Тоҷикистон, ки дар соли 2025 дар бозиҳои мусобиқоти байнулмилалӣ ҳакамӣ мекунанд:

Доварони FIFA:

Гулмуроди САЪДУЛЛО (Душанбе)

Насрулло КАБИРОВ (Норак)

Сайёдҷон ЗАЙНИДДИНОВ (Душанбе)

Абдулло ДАВЛАТОВ (Шаҳринав)

Амирҷон ХОРКАШЕВ (Душанбе)

Нодира МИРЗОЕВА (Душанбе)

Ёварони довари FIFA:

Акмал БУРИЕВ (Турсунзода)

Хусрави СИДДИҚЗОД (Душанбе)

Ҳасан КАРИМОВ (Норак)

Вафо ҚАРАЕВ (Шаҳринав)

Фарҳод ҚУРАЛОВ (Душанбе)

Исмоил НУРАЛИЕВ (Норак)

Ғайрат РӮЗИБОЕВ (Шаҳринав)

Дилшода РАҲМОНОВА (Душанбе)

Доварони FIFA дар риштаи футзал:

Суҳроб САТТОРОВ (Турсунзода)

Сафаралӣ МАҲМАДИЗОДА (Душанбе)

Довари видео (VAR):

Зуҳал ХУҶАНАЗАРОВА (Душанбе)

Бояд зикр намуд, Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) аз рӯи ҷамъбасти мавсими 2024 ҷоизаи беҳтарин довари солро ба Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак супурд.

Аммо дар як ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти доварон мавриди танқиди шадид қарор гирифта, ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи доварӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Тасмим гирифта шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ ҳаққи хидмати ҳакамон, нозирон ва комиссарони бозиҳо дар мавсими нав 30 дарсад боло бурда шавад. Сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон муҷозот хоҳанд шуд.