Марги Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола аз дуди ангишт дар Ховалинг

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бар асари заҳролудшавӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола фавтида, як нафари дигар осеб дидааст.

Ҳодиса шаби 5-уми январ дар корхонаи истихроҷи тилои “Нахш” иттифоқ уфтод.

Як манбаъ дар Идораи милиса дар ноҳияи Ховалинг рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарду шабона дар бухорӣ ангишт сӯхтаанд. Зоҳиран дуди сабаби фоҷиа гаштааст.”

Меҳроҷиддин Акбаров, зодаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст. Хонаводааш дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди огоҳӣ ҳарду заҳролудшударо ба бемористони ноҳияи Ховалинг бурданд, аммо Меҳроҷиддинро наҷот дода натавонистанд. Ҷасади ӯ баъди ташхис барои дафн ба зодгоҳаш фиристода шудааст.

Дар шифохонаи ноҳияи Ховалинг дар суҳбати кӯтоҳ гуфтанд, ки шахси дувуми заҳролудшуда аз бемористон рухсат шуд.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Сокинон аз минтақаҳои гуногун барои кор ба ин инҷо меоянд.

Соле нест, ки хабари марги сокинон дар минтақаи тилохез расонаӣ нашавад. Бо вуҷуди ин, садҳо сокини Ховалинг ва гӯшаҳои дигари вилояти Хатлон ҷони худро дар хатар монда, тило меҷуянд ва бо кори хатарноку сангин, аммо пурдаромад аробаи зиндагиашонро мечархонанд.