Фиристодаи вижаи Трамп хоҳони фишори бештарин ба Эрон шуд

Кит Келлогг

Фиристодаи вижаи президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп дар умури Русия ва Украина хоҳони "фишори ҳадди аксар" алайҳи Теҳрон шуд.

Генерал Кит Келлогг дар ин бора рӯзи 11-уми январ дар нишасти мухолифони Эрон дар Порис (Париж) изҳорот дод.

Ӯ гуфт, бояд бо фишори афзун Эронро маҷбур кард, ки ба озодии бештар иҷозат дода, пуштибониро аз унсурҳои ифротгаро дар Ховари Миёна бас кунад.

"Ин фишорҳо на танҳо низомӣ, балки бояд иқтисодӣ ва дипломатӣ низ бошанд," – гуфт Келлогг дар нишасти Шӯрои миллии муқовимати Эрон (NCRI). Шӯрои миллии муқовимат як созмони мухолифи режими Теҳрон аст. Эрон онро созмони террористӣ медонад.

Маълум нест, ки сафари Кит Келлогг ба Порис (Париж) ва изҳороти ӯ дар мавриди Эрон мустақим бо Доналд Трамп ҳамоҳанг шудааст ё на.

Президенти мунтахаби Амрико рӯзи 27-уми ноябри 2024 номзадии Келлогро ба мақоми намояндаи вижа дар умури Украина ва Русия пешбарӣ кард. Ин генерали мустаъфӣ муддати дароз мушовири аршад дар умури дифоъ будааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон, рӯзи 11-уми январ гуфтааст, артиши Эрон “тавре ки бархе бовар доранд” он қадар заиф нест.