Ҳунарпешаи амрикоӣ муносибати маҳрамонаашро бо Трамп шарҳ дод

Доналд Трамп ва ​​​​​​​Сторми Дэниэлс

Ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс рӯзи 7-уми май дар додгоҳи Ню-Йорк дар доираи парвандаи президенти пешини Амрико Доналд Трамп ҳамчун шоҳид пурсида шудааст.

Сторми Дэниэлс ҷузъиёти муносибатҳои маҳрамонаи худро бо Трамп, ки соли 2006 дошт, шарҳ додааст.

Трампро барои харҷи ғайриқонунии маблағҳое муҳокима мекунанд, ки дар маъракаи интихоботии соли 2016 ҷамъ оварда буд.

Як сол пеш додситонии Манҳэттен Трампро ба тақаллуби аснод, бо ҳадафи пинҳон доштани пардохти 130 ҳазор доллари маъракаи интихоботӣ ба ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс айбдор карда буд. Дэниэлс гуфта буд, ки бо Трамп робитаҳои маҳрамона дошт ва таҳдид кард, ки дар маъракаи интихоботӣ фошгӯӣ хоҳад кард.

Додситонӣ гуфт, Трамп 130 ҳазор долларро барои бастани даҳони Дэниэлс пардохта, вале дар санадҳо харҷи пардохти хадамоти ҳуқуқӣ нишон додааст.

Трамп доштани робитаро бо ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ ва харҷи ғайриқонунии маблағҳои маъракаи интихоботиаш рад мекунад.

Ба назари таҳлилгарон, тасмими додситонӣ барои даъвати Дэниэлс ба ҳайси шоҳид метавонад бар зидди мавқеи ҷониби айбдоркунанда бошад, зеро вай соли 2018 ошкоро изҳор дошта буд, ки бо Трамп ҳеч робита надорад. Вакилони дифои Трамп исрор меварзанд, ки иддаои Даниэлс дар бораи робитаи маҳрамонаи ӯ бо зерҳимояашон дурӯғ аст.