"Ин ҳукми қатл барои рӯзноманигории мустақил дар Хатлон аст"

Акси Аҳмади Иброҳим аз вебсайти Гузоришгарони Бидуни Марз

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндонии тоҷикро фавран озод кунанд. Ин созмони воқеъ дар Фаронса истифода аз низоми додгоҳиро "барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф" маҳкум кард.

Аҳмади Иброҳим, сардабири "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, рӯзи 10-уми январ даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Гузоришгарони Бидуни Марз ҳукми ӯро "худсарона" номид. Жанна Кавелйе рӯзи 14-уми январ дар изҳороте гуфт, "ин ҳукми қатл барои рӯзноманигории мустақил дар вилояти Хатлон аст."

Жанна Кавелйе

"Ин ҳукм – ҳосили мурофиаи ношаффоф ва бидуни вакили мудофеъ – боз як намоиши азми мақомоти Тоҷикистон барои шикастани такягоҳҳои охирини матбуоти мустақил аст," – афзуд ӯ.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор донист. Худаш дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта хонд. Наздиконаш низ бо ҳукм розӣ нестанд.

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) мегӯяд, аз соли 2022 ба ин сӯ тақрибан даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Акси хабарнигорони зиндонии тоҷик

"Мурофиаи онҳо низ чун парвандаи Аҳмади Иброҳим бо камбудҳои зиёд сурат гирифтааст ва иттиҳомоти алайҳи онҳо баҳонае барои сокит карданашон аст. Ин яке аз саркӯбҳои ҷиддитарини матбуот пас аз ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 мебошад," – гуфта шудааст дар изҳороти созмон.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодии матбуот (соли 2024) дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 155-ум қарор дорад. Дар соли 2023 дар ҷойгоҳи 153 буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, Аҳмади Иброҳимро озод кунандҲамсари Аҳмади Иброҳим: "Касе гапи моро намегирад, на Додгоҳ, на раиси шаҳр"Сардабири "Пайк" Аҳмади Иброҳимро ба 10 сол зиндон маҳкум карданд "Кори як раис ва ду корманд". Додхоҳии Аҳмади Иброҳим аз Рустами Эмомалӣ"Таҳдид карданд." Даъвати қариб 20 мансабдор ба мурофиаи Аҳмади ИброҳимАҳмади Иброҳим ба муфаттишон: орзуи Гулмурод Ҳалимовро амалӣ мекунед?Дар Кӯлоб, сардабири “Пайк” Аҳмади Иброҳим боздошт шудааст