Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷудо дар соли 2025

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) як қатор мусобиқаҳои бузург ва бонуфузро дар соли 2025 миёни бузургсолон ба нақша гирифтааст, ки дар онҳо ширкати варзишгарони тоҷик низ дар назар аст.

Мусобиқаи бузургтарини сол қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 13 - 20-уми июн дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) – шаҳри Будапешт – баргузор мешавад.

Дар Тоҷикистон имсол мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025 доир мегардад. Тибқи нақшаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) ин мусобиқа, ки бори дуюм сурат мегирад, рӯзҳои 2 - 4-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тақвими мусобиқоти IJF World Tour миёни бузургсолон дар соли 2025 бо иштироки варзишгарони тоҷик:

1 - 2 феврал: Paris Grand Slam 2025, Порис (Фаронса)

14 - 16 феврал: Baku Grand Slam 2025, Боку (Озарбойҷон)

28 феврал - 2 март: Tashkent Grand Slam 2025, Тошканд (Узбекистон)

21-23 март: Tbilisi Grand Slam 2025, Тбилиси (Гурҷистон)

TVD: Antalya Grand Slam 2025, Анталия (Туркия)

24 – 28 апрел: қаҳрамонии Осиё (инфиродӣ ва даставии омехта), Тайланд (Бангкок)

2 - 4 май: Dushanbe Grand Slam 2025, Душанбе (Тоҷикистон)

9 - 11 май: Astana Grand Slam 2025, Остона (Қазоқистон)

11 - 13 июн: Сhina Asian Open 2025, Чин, ТВD

13 - 20 июн: қаҳрамонии ҷаҳон (инфиродӣ ва даставии омехта), Будапешт (Венгрия)

12 - 13 июл: Taipei Asian Open 2025, Тайпей (Тайпейи Чин)

25 - 27 июл: Ulaanbaatar Grand Slam 2025, Уланбатор (Муғулистон)

17 - 19 октябр: Abu Dhabi Grand Slam 2025, Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)

25 - 26 октябр: Hong Kong Asian Open 2025, Ҳонконг (Чин)

14 - 16 ноябр: Zagreb Grand Prix 2025, Загреб (Хорватия)

6 – 7 декабр: Tokyo Grand Slam 2025, Токио (Ҷопон)

Дар соли 2024 дастоварди беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаи ҷудо ду медали биринҷии паҳлавони маъруф Сомон Маҳмадбеков ба шумор меравад. Ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар Пориси Фаронса дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило медалҳои биринҷӣ ба даст овардааст.