Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, аз раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ хост, ки ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон "ҷомаи қонунӣ" напӯшонанд.
Вай, баръакс, аз онҳо даъват кард, ки бо истифода аз "қудрати худ" алайҳи монеагузории "Толибон" ба кору таҳсили занон ва духтарон садо баланд кунанд.
"Одӣ карда гӯем, "Толибон" занонро одам ҳисоб намекунанд," – гуфт Малола Юсуфзай рӯзи 12-уми январ дар пойтахти Покистон.
Дар Исломобод рӯзи 11-уми январ нишасти намояндагони тахминан 50 давлати мусалмоннишин оғоз ёфт. Ягон намояндаи ҳукумати "Толибон"-и Афғонистон ҳозир нашуд.
Гурӯҳи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт ва хондани духтаронро дар мактабу донишгоҳ манъ кард.
Малола Юсуфзайи 27-сола соли 2012 ба далели даъватҳояш барои таҳсили духтарон мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи "Толибон"-и Покистон қарор гирифта буд.