Масъуд Пизишкиён ба Душанбе меояд

Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён.

Раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён рӯзи 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мешавад.

Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Эрон баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бино ба барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти ҳайатҳо, байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон доир шавад.

Душанбе ва Теҳрон дар даҳ соли ахир робитаи печидае доштанд. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон соли 2019 пас аз имзо шудани протокол дар бораи ҳамкорӣ рӯ ба гармшавӣ овард.