Қазоқистон шумораи муҳоҷиронро кам мекунад

Акс аз бойгонӣ.

Қазоқистон, ки баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, квота барои муҳоҷирони меҳнатиро кам кардааст.

Ба иттилои хабаргузории Zakon.kz., Вазорати меҳнати Қазоқистон ҳаҷми квотаро 3 дарсад аз шумораи умумии қувваи кории ин кишвар муайян кардааст, ки ин ҳудуди 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин омор нисбат ба соли гузашта камтар будааст.

Квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар соли 2024 ҳамагӣ 271,3 ҳазор нафар муқаррар гардида буд. Дар назар аст, ки ин қарор аз 17-уми январи имсол амалӣ шавад.

Бо зиёд шудани фишору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шумори онҳое афзоиш ёфт, ки дар ҷустуҷӯйи кору даромад роҳи Қазоқистонро пеш гирифтанд. Ба гуфтаи огоҳони умур, зоҳиран ба ҳамин сабаб тафтиши муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар шудааст.

Дар фурудгоҳҳои Қазоқистон чораҳои амниятиро тақвият додаанд ва хориҷиёнеро, ки ба ин кишвар мераванд, сахт тафтиш мекунанд.

Бино ба омори мақомот, шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тақрибан даҳуним ҳазор нафар аст. Тоҷикон дар Қазоқистон асосан дар бозор ва сохтмон кор мекунанд.