Шарики Салимҷон Насриддиновро дар Амрико зиндонӣ кардаанд

Салимҷон Насриддинов (рост) ва Николай Голтсев (чап). Акс аз Фейсбук

Додгоҳе дар Амрико Николай Голтсев, шаҳрванди 39-солаи Канада ва шарики Салимҷон Насриддинов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро се солу чор моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 8-уми январ дар аёлати Ню-Йорк содир шуд.

Додрас гуфтааст, "ҷавобгар ба миллионҳо доллар ба Русия таҷҳизоти электронӣ фиристод, ки баъдан онҳо дар истеҳсоли мушаку паҳподҳо истифода шуданд."

Маълум нест, ки Николай Голтсев дар мурофиа чӣ гуфтааст. Аз рӯйи ин парванда дар маҷмуъ се кас, аз ҷумла тоҷики шаҳрванди Русия Салимҷон Насриддинов, ҷавобгар ҳастанд.

Вазорати адлияи Амрико дар баёнияе рӯзи 8-уми январ навишт, Кристина Пузирева, ҳамсари Николай Голтсев, дар тобистони соли 2024 бо гуноҳи "пулшӯӣ" ду сол аз озодӣ маҳрум гашт. Соҳибкор Салимҷон Насриддинов мунтазири ҳукми додгоҳ мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Соҳибкори тоҷик дар Амрико айбномаи кӯмак ба артиши Русияро эътироф кардааст

Дар изҳорот омадааст, ки Николай Голтсев барои ширкатҳои Русия, аз ҷумла ширкатҳои низомии ин кишвар "тарроҳи нақшаи фирор аз таҳримҳо" ба шумор мерафт.

"Қисмҳои эҳтиётии фиристодаи Голтсев дар аслиҳаи артиши Русия ва таҷҳизоти ҷосусии русӣ дар Украина кашф шуд," -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Додситон Бреон Пис дар мурофиа гуфт, баъди ин “Русия наметавонад бо истифода аз фанновариҳои амрикоӣ силоҳҳои пешрафта истеҳсол кунад." "Ҳукми имрӯза роҳро барои дастрасии Русия ба таҷҳизоти электронии амрикоӣ бо ҳадафи истифодаи ғайриқонунии он дар ҷанг алайҳи Украина мебандад," – афзуд ӯ.

Санҷиши Бюрои федеролии таҳқиқот маълум кардааст, ки Николай Голтсев бо истифода аз ду ширкати воқеъ дар Бруклин (SH Brothers Inc. ва SN Electronics Inc.) ва тавассути кишварҳои сеюм ба Русия ба миллионҳо доллар маҳсулоти электронии истифодааш дугона фиристод. Дар ин “нақша”, ба навиштаи Вазорати адлияи Амрико, Салимҷон Насриддинов ҳам иштирок дошт.

Туркия, Ҳонгконг, Ҳинд, Чин ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз ҷумлаи кишварҳое номбар шудаанд, ки тавассути онҳо маҳсулоти дугонаи электронӣ ба Русия дастрас шуданд.

Тафтишот собит кардааст, ки Голтсеву ҳамсараш дар бораи истифода шудани маҳсулоти содиротӣ дар силоҳҳои зидди Украина хабар доштанд.

Салимҷон Насриддинови 54-сола, шаҳрванди тоҷики Русия, узви фаъоли ҷомеаи тоҷикони Амрико дониста мешавад, дар моҳи ноябри соли 2023 дастгир шуд. Мавқеи ӯ ба ин иттиҳомҳо маълум нест. Ҳамсараш низ аз шарҳи қазия худдорӣ кард.