Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандонро барои кор дар Қатар барои соли 2025 даъват кардааст. Дар эълон музди меҳнат вобаста ба кору ихтисос аз 550 доллар бештар гуфта шудааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, кор дар Қатар дар бахшҳои чорводорӣ, анбори мошинҳо ва кор бо техникаи он, пешбинӣ шудааст ва хоҳишмандон бояд ба "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ", муроҷиат кунанд.
Намояндагони Вазорати меҳнат мегӯяд, маблағи билет, раводид, ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, нақлиёт ва хизматрасонии тиббӣ аз сӯи корфармо пардохт мешавад. Кор фақат барои донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ пешниҳод карда мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи ин муҳоҷирон хеле кам аст.