Рӯзи 11 январ дар Исломобод, пойтахти Покистон конфронси дурӯза намояндагони тахминан 50 давлати аксар мусалмоннишинро ба ҳам овард, вале ҳеҷ як намояндаи ҳукумати Толибони Афғонистон дар ин нишаст ҳозир нашуд.
Як дипломати баландпоя дар сӯҳбат бо Радио Машъал - Бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, “то ҳол аз Кобул ба мо дар бораи ин чорабинӣ чизе нагуфтаанд”.
Вазири маорифи Покистон Холид Мақбул Сиддиқӣ гуфт, бо вуҷуди ин ки намояндагони ҳукумати Толибон барои иштирок дар конфронс расман даъват шуда буданд, “ҳеҷ як намояндаи ҳукумати Афғонистон ба конфронс ҳозир нашуд”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Cадои зан, ҳатто агар хондани Қуръон бошад, манъ аст." Қонуни нави ТолибонТолибон, ки августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат баргаштанд, чанд моҳ баъдаш таҳсили духтарони наврасро манъ карданд. Дар ин кишвар як қатор маҳдудиятҳои сахте барои занону духтарон дар таҳсил, кор ва гаштугузор дар ҷомеа ҷорӣ шудааст.
Бо вуҷуди маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ, то ҳол Толибон ҳеҷ иқдом ва майле барои ислоҳи вазъ нишон намедиҳанд.
Ҳоло танҳо Афғонистон аст, ки дар миёни 57 кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ таҳсили занонро манъ кардааст.
Ин қарор бисёр рӯшанфикрон ва ҳомиёни ҳуқуқи занонро дар Афғонистон ба хашм овардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раҳбари "Толибон" дари донишкадаҳои тиббиро ҳам ба рӯи духтарон бастМуҳаммад ал-Исо, як рӯҳонии саудӣ ва дабири кулли Лигаи мусалмонони ҷаҳон, ки ин конфронсаро ҳамроҳ бо ҳукумати Покистон ташкил кардааст, гуфт: “Тамоми мусалмонони ҷаҳон ба ин андешаанд, ки таҳсили духтарон бисёр муҳим аст”. Ӯ афзуд: “Онҳое, ки мегӯянд, таҳсили духтарон як амали ғайриисломӣ аст, хато мекунанд”.
Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф гуфт, манъи таҳсил барои духтарон “баробар бо манъи садову интихоби онҳо ва ҳам маҳрум кардани онҳо аз ояндаи шукуфон мебошад”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қарор аст рӯзи 12 январ дар ин конфронс Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳам суханронӣ кунад.
Дар пешорӯи сафараш ба Покистон Юсуфзай дар саҳифааш дар Х навишт: “Раҳбарон бояд Толибонро барои ҷиноят алайҳи занҳову духтарҳои афғон ба ҷавобгарӣ кашанд”. Худи Юсуфзай барои таблиғи таҳсилу омӯзиши духтарон дар водии Своти шимолуғарби Покистон мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибони Покистон қарор гирифт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Малола сиёсати "Толибон"-ро дар баробари занон танқид кардТолибон, ки бо ИМА пеш аз бозгашт ба қудрат музокира мекарданд, ваъда доданд, ки имкони таҳсили духтаронро ба онҳо фароҳам мекунанд.
Қарори манъи таҳсили духтаронро дар Афғонистон раҳбарони тундрави Толибон қабул кардаанд, ки намояндагони мактаби суннимазҳаби девбандӣ буда, тамоми вақт дар хона нишаста аз назарҳо пинҳон мондани занону духтаронро талаб мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳокимони нави Сурия. Монандӣ ва тафовути онҳо бо "Толибон""Садо ва чеҳраи моро мамнуъ карданд." Вазъи занон дар Афғонистони зери назорати "Толибон"Дар ҷануби Афғонистон аз ночорӣ духтарони навраси худро ба шавҳар медиҳандЗанҳо куҷоянд? Ҷаласаи СММ бо Толибон ва бе ҳузури занон гузашт