Хабаргузории “Yonhap” аз қавли мақомоти иктишофии Куриёи Ҷанубӣ хабар дод, ки зиёда аз 300 сарбози Куриёи Шимолӣ дар Курски Русия кушта шудаанд. Нерӯҳои Украина бахше аз ин вилоятро зери назорат доранд.
Ба иттилои “Yonhap”, 2700 низомии дигари Куриёи Шимолӣ дар Русия захмӣ ҳастанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 11-уми январ гуфт, нерӯҳои кишвараш ду сарбози Куриёи Шимолиро дар Курск ба асорат гирифтаанд.
Аз як сарбози асир билети ҳарбӣ ба номи Антонин Аранчин, сокини Тива, ёфт шудааст.
Би-би-сӣ мегӯяд, Русия бо ин роҳ ҳузури низомиёни Куриёи Шимолиро дар ҷанги зидди Украина пинҳон медорад.
Зеленский гуфт, Киев дар ивази раҳоии асирони украинӣ дар Русия омодааст, ки ду сарбози Куриёи Шимолиро ба раҳбари он кишвар Ким Чен Ун бидиҳад.