"Тоҷикҳо, узбекҳо муроҷиат кунед". Ёрӣ ба ниёзмандон дар Маскав. ВИДЕО

Ҳангоми тақсими хӯрокворӣ дар Маскав

Гурӯҳе аз тоҷикон дар Маскав тасмим гирифтанд, ба муҳоҷироне, ки бекору бепул мондаанд, дар давраи "карантин" кумак кунанд. Ин ёриҳо аз хӯрокворӣ иборат аст. Аксар муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ба далели хуруҷи коронавирус дар Русия аз кор маҳрум шуданд. Моликони ширкатҳо кормандонро ҷавоб доданд. Муҳоҷирон имкони бозгашт ба ватанро надоранд.

Кумаки ғизоиро муҳоҷирон дар кӯчаи Шоссейная, дар ғарбу шарқи Маскав, дастрас мекунанд. Ба ҳар нафаре, ки ба ин ҷо меояд, ихтиёриён як баста хӯрокворӣ медиҳанд. Ба гуфтаи ташаббускорон, ин мавод барои ду нафар ва аз 5 то 7 рӯз пешбинӣ шудааст.

Мирзоаҳмад Боев, муҳоҷири бекормондаи тоҷик, ки барои дарёфти кумак рафта буд, мегӯяд: "Мо дар бозор кор мекардем. Бозор баста шуд. Рӯзи 22-юми март мехостем ба ватан баргардем, вале парвозҳо қатъ шуданд. Билетҳо дар ҷайбамон монд, ҳатто пули онро барнагардонданд. Пуле барои харидани хӯрокворӣ надорем. Даҳҳо нафар дар чунин вазъ ҳастем. Эълони ин бачаҳоро барои кумак дидем ва хостем аз он истифода барем."

Иқдоми кумак ба муҳоҷиронро ҳомии ҳуқуқ Иззат Амон бо гурӯҳаш роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи Бахтовар Ҷумъаев, яке аз ташаббускорон, аксари онҳое, ки мехоҳанд ёрӣ бигиранд, дар Маскав дар ширкатҳои тамизкорӣ фаъолият доштанд. Ҳоло ба далели дар карантин қарор доштани корхонаҳо, ин ширкатҳо ҳам аз фаъолият мондаанд.

Бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, захирае барои рӯзгузаронӣ дар ин давраи буҳрониро надоранд.

"Ҳоло ҳама ҷо баста аст, барои онҳо як давраи мушкиле пеш омадааст. Умедворем, рӯзҳои наздик ин ҳама ба охир мерасад ва вазъ хуб мешавад. Мехоҳем, духтурон роҳҳале пайдо кунанду зудтар аз ин вазъ берун бароем", - мегӯяд Бахтовар Ҷумъаев, яке аз ташаббускорон.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Маскав муҳоҷирони тоҷик ба ниёзмандон ёрӣ мерасонанд

Ба гуфтаи ташаббускорон шумори онҳое, ки ба кумак ниёз доранд, хеле зиёданд. Имдодгарон мегӯянд, дар тақсими хӯрокворӣ байни одамон фарқгузорӣ намекунанд ва дар баробари муҳоҷирон ба сокинони ниёзманди Маскав, махсусан нафақахӯрон низ кумак мерасонанд.

Маҳмадхон Эгамов, яке аз ихтиёриёни ин иқдом мегӯяд: "Ҳамватанони мо, тоҷикҳо, узбекҳо, фарқ надорад, ҳар касе, ки ба кӯмаки мо ниёз дорад, метавонад ба мо ба суроғаи Шоссейная 22 муроҷиат кунанд. Метавонед ба ин нуқтаҳо муроҷиат кунед ва кумаки моро дарёфт намоед".

Барои онҳое, ки бо ягон сабаб наметавонанд ба нуқтаҳои тақсими маводи ғизоӣ биёянд, имдодгарон маводи ғизоиро то хона бурда мерасонанд. Ба ин кор онҳое ҷалб шудаанд, ки мошин ва хоҳиши ширкат дар ин иқдоми хайрхоҳонаро доранд.

Вале ҳоло, ба гуфтаи ташаббускорон, шумори чунин афрод зиёд нест ва имкони гурӯҳ барои хона ба хона бурдани хӯрокворӣ камтар аст. Наҷмиддин Холов, яке аз дигар ихтиёриён гуфт: "Суроғаи аввале, ки мо гирифтем, ин кумак ба як маъюб буд. Дар суроғаи дувум, ҳамватанони мо, занон, зиндагӣ мекарданд. Онҳо ба назди мо омада натавонистанд ва мо худамон барояшон маводи ғизоӣ овардем. Баъзан то ба 10 ва баъзе рӯзҳо то ба 20 суроға хӯрковорӣ мебарем."

Ташаббускорони иқдоми хайрхоҳона ҳадс мезананд, ки рӯз то рӯз шумори ниёзмандон дар Маскав бештар мешавад. Чун ба бовари онҳо бо идома ёфтани рӯзҳои карантин тамоми маблағҳои захиракардаи мардум ҳам тамом мешаванд.

Ҳамаи муҳоҷирон ҳоло бесаброна интизори ба поён расидани хуруҷи коронавирус ҳастанд, то зудтар ба кор бароянд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар Русия ҳоло 486 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор доранд. Мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро аз 1 миллион нафар бештар мегӯянд. Даромади ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират будааст. Аз ҳоло тахмин зада мешавад, ки хуруҷи коронавирус ба даромади муҳоҷирон дар Русия ва ҳамин тавр даромади хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон зарбаи сахте хоҳад зад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!