Ҳарчанд, рӯзи 30-юми ноябр муҳлати ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон расман ба анҷом расид, аммо худдории Вазорати дифоъ аз пешниҳоди маълумоти расмӣ дар бораи иҷрои нақша, миёни сокинон ва намояндагони баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ ҳадсу гумонҳоеро ба миён овардааст.
Ду муҳоҷири тоҷик мегӯянд, баъд аз он ки талаби мақомоти Русияро барои рафтан ба ҷанг дар Украина рад карданд, ба балои азим гирифтор шуданд. Якеро задаву кӯфта барои панҷ сол ихроҷ кардаанд, ба дигарӣ бо вуҷуди қонунӣ будани санадҳояш шаҳрвандӣ надодаанд.
1-уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи мубориза бо СПИД аст. Дар Тоҷикистон шумори гирифторони вируси адами масунияти бадан СПИД дар ҳоли афзоиш аст.
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор нафар бо вируси заъфи масунияти бадан зиндагӣ мекунанд. Дар рӯзи 1-уми декабр, ки Рӯзи мубориза бо СПИД аст, Радиои Озодӣ аз вазъи гирифторон ба ин вирус ва ёрие, ки дастрас мекунанд, гузорише таҳия кард
Аз 1-уми январи соли 2024 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз 68 ба 72 сомонӣ зиёд мешавад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари мардумро дар ҳамин бора пурсиданд.
Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, баъди пирӯзӣ дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия ба Душанбе баргашт. Даҳҳо нафар шоми 28-уми ноябр ба пешвозаш ба фурудгоҳ шитофтанд. Гузориш аз маросими пешвози Фаррух Ҳасанов.
Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, баъди пирӯзӣ дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия ба Душанбе баргашт. Даҳҳо нафар шоми 28-уми ноябр ба пешвозаш ба фурудгоҳ шитофтанд.
Баъд аз манъи содироти газ аз Қазоқистон ва боло рафтани нархи он дар Тоҷикистон, мақомот дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ворид кардани ин навъи сӯзишворӣ шудаанд. Аз ҷумла, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, содироти газро аз Туркманистон ба роҳ монанд.
Мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мегӯяд, аз шаш кӯдаки тоҷик танҳо фақат як нафари онҳо тарбияи томактабӣ мегиранд ё инки ба боғча мераванд.
Cафирони баъзе аз кишварҳои муқими Тоҷикистон ба ёди қурбониёни “Голодомор” ё қаҳтӣ дар Украина, ки як аср пеш рӯй дода, боис ба марги то даҳ миллион нафар шуд, гирдиҳам омаданд. Маросим рӯзи 25-уми ноябр дар калисои католикии шаҳри Душанбе гузашт.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо сафари расмӣ ба Русия рафт. Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ дониста мешаванд ва Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва низ соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.
Ҳунармандону ҳаводорани Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, зодрӯзи ӯро дар гӯристони Лучоб ҷашн гирифтанд.
Як таҳқиқоти шабакаи ҷаҳонии World of Statistics нишон додааст, ки духтарон дар Тоҷикистон асосан дар 18-солагӣ шавҳар мекунанд. Бар пояи ин пажӯҳиш, дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, духтарон дар Тоҷикистон барвақтар оиладор мешудаанд.
Ин маротиба назари сокинони Душанберо дар ҳамин бора пурсидем.
Бо фаро расидани сардиҳо акнун муҳоҷирони тоҷик ба ватан бармегарданд. Дар як соли ахир муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ ҳол доштанд? Шароити корашон чихел буд ва даромадашон кам шуд ё бештар?
Баъзе посухҳои муҳоҷиронро инҷо хонед:
Соли 2016 порлумони Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи президент эълон кард. 16-уми ноябр зоҳиран барои он Рӯзи президент интихоб шуд, ки дар ҳамин рӯз бори аввал соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон савганд ёд карда буд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки агар имкони суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонро дошта бошанд, ба президент аз кадом мушкилашон мегӯянд?
Як пизишк дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки дар чунин вазъи ҳаво барои эмин нигоҳ доштани худ аз беморӣ, сокинон бояд кадом корҳоро анҷом диҳанд.
Ёфтҳои бештар