Марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор кӯдакаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе наздиконро дар мотам нишонд. Бахусус писари хонадонро, ки зинда мондааст. Мақомот гуфтанд, шаш нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо ва наздикон тафсилоти ҳодисаро нақл карданд.
Марги шаш узви як оила аз заҳри дуди ангишт дар пойтахти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба по кард ва баҳси бебарқиро дар кишвар доғтар намуд. Бисёриҳо дар сар задани ин фоҷеа масъулони соҳаи барқрасониро гунаҳкор карда, хоҳони муҷозоти онҳо шуданд.
Як ҳафта аст, ки донишҷӯёни шаҳри Душанбе дар “Боғи истиқлолият” барои тамрини карнавали наврӯзӣ гирдиҳам меоянд.
Бо вуҷуди ҳавои сард даҳҳо донишҷӯ дар душанбе барои тамрин ё маршировкаи омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ҷалб шудаанд. Донишҷӯён ва волидони онҳо мегӯянд, ҷалб ба маршировка боиси ширкат накардан дар дарсҳо мешавад.
Омӯзиши масъала ва чандин навору далел нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз сохтмонҳои Душанбе, коргарон дар шароити хатарзо кор мекунанд.
Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, соли гузашта бунёди манзилҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст, аммо бархе ширкатҳои сохтмонӣ қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд. Аз ҷумла соли 2023, як ҷавон аз бинои баландошёнае дар Кӯлоб ба поён афтида, ҷон бохт.
Бархе раҳбарони Аврупо ва ғарб ба Киев рафтанд, то дар маросимҳои бахшида ба дуввумин солгарди ҳамлаи васеъмиқёси Русия ба хоки Украина паёми қотее фиристанд. Дар як ҳамоиши Душанбе ҳам ҷанги идомаёбандаро маҳкум карданд. Бархе сокинони Душанбе музокираро танҳо роҳи хатми ҷанг номиданд.
“Зиндагӣ дар ҷонам зад”, “Мурданам беҳтар аст, аз ин зиндагӣ” Медонед, ки ин гапҳо чӣ пайёме доранд? Шояд баъзеҳо дар лаҳзаҳои мушкили зиндагии худ бо ин гуфтаҳо фақат эҳсоси худро баён месозанд ва фикри баде надоранд. Аммо дар бархе ҳолат ба гуфтаи равоншиносон ин “бонги хатар” аст.
“Зиндагӣ дар ҷонам зад” “Шумо дар ҷони ман задед” “Мурданам беҳтар аст, аз ин зиндагӣ”. Медонед, ки ин гапҳо чӣ пайёме доранд? Дар кадом ҳолат гуфта мешаванд ва касе, ки чунин чизе мегӯяд, он лаҳза чӣ эҳсос дорад?
Сардӣ ва барфрезии “деринтизор” дар Тоҷикистон кишоварзонро нигарон кардааст. Бахусус, дар минтақаҳое, ки баъзе аз дарахтон гул карда буданд.
Ягона мактаби муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон пас аз саргардониҳои зиёд, ҷойи дигар пайдо кард. Дари ин мактабро, ки садҳо нафар таҳсил мекунанд, чанде пеш ба сабаби напардохтани пули иҷораи бино бастанд. Ҳоло гӯшае аз сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷойи таҳсили онҳо шуд.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад, садҳо корхона аз кор монда ва ё дахлу харҷашон ба сифр баробар шудааст. Вазири саноат ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар як соли гузашта 426 корхона ҳисоботи сифрӣ пешниҳод карданд.
Раиси Кумитаи забон мегӯяд, ҷонибдори истифода аз истилоҳҳои тоҷикӣ ба ҷойи русиву забонҳои дигари хориҷӣ дар қонунҳо ва номи идораҳои давлатӣ аст.
Ҳоло дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст. Дар сурати мувофиқ омадан, ин низом пурра қабул мешавад. Вазорати маориф мегӯяд, низоми баҳодиҳии 5-хола ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. "Озодӣ" назари мардумро дар бораи низоми баҳогузории нав пурсид.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон шикояти сокинони пойтахтро аз ярмарка ё намоишгоҳи фурӯши маҳсулот дар шаҳри Душанбе "дуруст" хонд. Қурбон Ҳакимзода гуфт, "бархе бемасъулиятӣ карданд".
Ҳавои гарму бебориши як моҳи охир, ки деҳқонону боғпарварони Тоҷикистонро нигарон карда буд, ба қавли вазири кишоварзӣ ҳанӯз зиёни зиёде ба боғу киштзорҳо нарасонидааст. Ҳавои хушк дар нимаи зимистон сабаб шуд, ки баъзе аз дарахтон дар Тоҷикистон гул кунанд.
Вазирону раисони кумитаҳо ва ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон аз 29-уми январ бо баргузории нишастҳои хабарӣ ба суоли рӯзноманигорон посух медиҳанд. Ин нишастҳо ҳар шаш моҳ як бор мегузаранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки ба вазирон чӣ суол доранд?
Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ кардааст, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо чанд далел мехоҳанд нархи тарофаҳо боло бурда шавад. Як ҳафта пеш се ширкати мобилии Тоҷикистон “Мегафон”, Тселл ва Вавилон хабар доданд, ки аз 1-уми феврали соли 2024 нархи хадамоти худро боло мебаранд.
Ёфтҳои бештар