Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик бо дигар донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сар додани шиъори “Мо ба хона баргаштан мехоҳем” дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин эътироз карданд.
Субҳи 2-уми феврал ба 25 донишҷӯи тоҷик иҷозат надоданд, ки тариқи хатсайри Сиан-Екатеринбург-Душанбе парвоз кунанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ пас аз густариши короновирус дар Чин, ки то ҳол беш аз 200 нафар кушта бар ҷой гузошта ва ҳазорон тани дигарро гирифтор кардааст, талош доранд, ин кишварро тарк кунанд.
Низомиддин Хуҷабеков, яке аз ин донишҷӯён дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар кадоми онҳо бо маблағи беш аз ҳазор долларӣ чипта харида буданд,вале маъмурони фурудгоҳ монеъи вуруди онҳо ба дохили ҳавопаймо шуданд.
Маъмурони фурудгоҳ гуфтаанд, ки ширкати ҳавопаймоии Русия интиқоли донишҷӯёнро рад кардааст. Ба гуфтаи донишҷӯи тоҷик, ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русияро бурд ва аз бурдани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ худдорӣ кард.
Маълум нест, ки бо вуҷуди фурухтани чипта, бо кадом сабаб ин ширкат аз бурдани донишӯён худдорӣ кардааст.
“Ҳарчанд, бо ҳамин хатсайр ба мо билет фурухта буданд, вале ин ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русияро бурд. Мо ҳоло пули чиптаамонро ҳам гирифта наметавонем. Барои ҳамин эътироз кардем”,--гуфт Низомиддин Хуҷабеков.
Феълан, дар аксари шаҳрҳои Чин барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба вируси нав карантин эълон шуда ва муассисаҳои таълимӣ таътил шудаанд.
Ҷурабек Ёрзода, донишҷӯи дигари тоҷик мегӯяд, талошҳои онҳо барои хориҷ шудан аз Чин дар як ҳафтаи охир бенатиҷа аст.
Ӯ гуфт, пештар аз ин талоши донишҷӯён барои парвоз аз масири Сиан-Сеул-Тошканд ба далели лағви парвози ҳавопаймо бенатиҷа монд.
“Ҳанӯз дар фурудгоҳ ҳастем. Барои саломатии худ бояд зудтар аз ин ҷо бароем. Ин саҳар парвоз карда натавонистем. Ҳоло боз ба самти Гуанжоу-Маскав чипта харидем”,--гуфт ӯ.
Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, зиндагӣ дар Чин сахттар шудааст. Пайдо кардани ниқоб барои эҳтиёт аз сирояти вируси нав осон нест ва мағозаҳои фуруши маводи ғизоӣ низ дуруст кор намекунанд.
Мақомоти тоҷик қаблан гуфта буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Чин рӯйхат кардаанд ва берун овардани шаҳрвандон аз Чин кӯмак мерасонанд. Феълан маълум нест, ки мақомот барои берун кардани шаҳрвандон аз Чин чӣ барномае рӯи даст доранд.
Мақомоти Тоҷикистон назорат дар марз бо Чинро шиддат бахшидаанд ва афроде, ки вориди кишвар мешаванд, таҳти муъойина қарор мегиранд.
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз сокинон хостаанд, ки дар авҷи паҳн шудани вируси хатарноки нав дар Чин, аз сафар ба он кишвар худдорӣ кунанд. Аз Тоҷикистон асосан тоҷирон барои харид ва овардани мол ба Чин мераванд.
Шумораи дақиқи донишҷӯён дар Чин маълум нест.
Аз ин пеш, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода хабар дод, ки дар Вуҳон, маркази кашфи вируси нав, ҳоли ҳозир 43 донишҷӯи тоҷик мондаанд. 18 нафари дигар чанде пеш барои таътил ба кившар омадаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, “дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона сабт нашудааст".
Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.