Як рӯз баъди расонаӣ шудани муроҷиати додхоҳии хабарнигор ва сардабири нашрияи мустақили "Пайк" аз Рустами Эмомалӣ, додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба даҳ соли ҳабс маҳкум кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, соли 2024 фаъолияти 651 иншоот “бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд”.
Ҳукумати Тоҷикистон меъёр ё квота барои ҷамъоварии шираи камол ва ширинбия - ду гиёҳи нодирро дар соли 2025 тасдиқ кардааст.
Дар як додгоҳи шаҳри Тошканд мурофиаи додгоҳии хабарнигор ва сардабири саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон»-и Фейсбук шурӯъ шудааст.
Додгоҳе дар Амрико Николай Голтсев, шаҳрванди Канада ва шарики Салимҷон Насриддинов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро се солу чор моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 8-уми январ дар аёлати Ню-Йорк содир шуд.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, парвандаашро сохта номида, дар номае аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, додхоҳӣ кардааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки гурӯҳи “Ансоруллоҳ” қасд дорад, низоми ҳозираро дар Тоҷикистон сарнагун ва давлати исломӣ бунёд кунад. “Ансоруллоҳ” аз ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ таркиб ёфта, дар ҳудуди Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон онро созмони террористӣ медонад.
Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб кардааст, ки чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатии Тоҷикистонро, ки бо гумони ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кунад.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бар асоси шикояти сокинон се ширкати мухобиротиро ҷазо додааст. Мақомот ва намояндагони ширкатҳо суҳбат намекунанд.
То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон камтар аз ду моҳи дигар мондааст. Аксар ҳизбҳои сиёсӣ анҷуман оростанду номзадҳои худро пешбарӣ карданд. Сокинон бояд аз миёни онҳо 63 касро намояндаи худ интихоб кунанд. Фазои пешазинтихоботӣ чӣ гуна аст?
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ӯро аз шахсони мавриди эътимоди президент Эмомалӣ Раҳмон медонанд, то ду моҳи дигар аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.
Шахсони наздик ба Фарҳод Неъматов (Негматов), як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфтанд, ки ӯ баъди ронда шудан аз Шветсия дар Тоҷикистон дастгир шудааст.
Ёфтҳои бештар