Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Газпромнефт-Тоҷикистон” дар миёни таҳримшудаҳои вазорати молияи ИМА


Як нуқтаи сӯзишвории "Газпромнефт Тоҷикистон" дар канори Душанбе
Як нуқтаи сӯзишвории "Газпромнефт Тоҷикистон" дар канори Душанбе

Дар як қарори нави Вазорати молияи ИМА, ки 10 январ нашр шуд, ду ширкати азими нафтии Русия - "Газпромнефть" ва  "Сургутнефтегаз" ҳамроҳ бо беш аз 20 ширкати зертобеашон мавриди таҳрим қарор дода шуданд

Қарори мазкур идомаи тадбирҳои муҷозоткунандаи Русия ва ширкатҳои он барои ҷанги бедалелаш дар хоки Украина мебошад.

ИМА намояндагиҳои "Газпром нефть" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон”, “Газпромнефть” дар Қазоқистон ва Қирғизистонро ҳам ба феҳристи таҳримшудаҳо шомил кардааст.

Вазири молияи ИМА Ҷанетт Йеллен гуфт, “ИМА тадбирҳои сартосариро зидди манбаи калидии даромади Русия барои маблағгузории ҷанги бераҳмонаву ғайриқонуниаш зидди Украина амалӣ мекунад”. Ӯ афзуд: “Ин тадбирҳо таваҷҷӯҳи моро барои баҳам задани даромадҳои Кремлин аз ҳисоби энержӣ тавсеа ва тақвият медиҳанд”.

Дар феҳристи таҳримшудаҳои ахир соҳаи киштинавардаии Русия ва исми 183 киштии нафткаш ҳам ворид карда шудааст, ки барои содироти нафти Русия хидмат мекунад.

Вазорати молияи ИМА дар изҳороташ мегӯяд, дар қатори “Газпром нефть” ва “Сургутнефтегаз” Идораи назорати дороиҳои хориҷии ин вазорат беш аз 20 ширкати зертобеи ин ду корхонаи азимро ҳам таҳрим мекунад, ки дар ҳаҷми 50 % ё бештар аз он марбут ин ду корхонаи азим дониста мешаванд.

“Газпромнефть» - ба як чунин қарор омода будем

Дар вокуниш ба ин қарор, ки онро рӯзи 10 январ хабрагузории Интерфакс нашр кард, ширкати "Газпромнефть" дар Маскав гуфтааст, ки ба чунин як қарор аз пеш омода буд. Ширкат гуфтааст, ки аз соли 2022 – замони ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина – мавриди таҳримҳои якҷонибаи хориҷӣ қарор дошт ва «бисёр чунин маҳдудиятҳо аллакай дар амалиёти кории ин ширкат ба инобат гирифта шудаанд». Ширкат гуфтааст, ки корашро давом медиҳад. Айни замон ширкат ворид кардани исми дороиҳои онро ба феҳристи таҳримшудаҳо «беасос, ғайриқонунӣ ва мухолиф бо рақобати озод» номидааст.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар ин кишвар понздаҳ ширкат бо ворид кардани гази моеъ сарукор дорад ва соли 2023 дар маҷмӯъ 411 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. 70 дарсади мошинҳои сабукраву сангин дар Тоҷикистон бо ҳамин сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд. Соли 2023 саҳми “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар ворид кардани чунин маҳсулот ба кишвар 10,1 дарсадро ташкил додааст.

Мақомот дар Тоҷикистон ваё намояндагии ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” ба қарори нави Вазорати молияи ИМА ҳанӯз вокунише накардаанд ва маълум нест, оё қарори таҳрими ахир ба фаъолияти “Газпромнефт-Тоҷикистон” ваё равобити Тоҷикистон бо ИМА чӣ таъсире дошта метавонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG