Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирони таҳти карантинро аз ҷойи "хунуку чиркин" ба осоишгоҳу шифохона бурданд. ВИДЕО


Аксе аз осоишгоҳи Зимчурӯд
Аксе аз осоишгоҳи Зимчурӯд

Баъди шикояти даҳҳо нафар аз шароити номуносиби карантин дар яке аз осоишгоҳҳои Варзоб, мақомоти расмӣ онҳоро ба осоишгоҳи дигар ва шифохонае ба Душанбе интиқол додаанд.

Нигора Бобоҷонова, ки баъди бозгашт аз Маскав дар шаби 21-уми март, бо даҳҳо мусофири дигар барои муоинаи ҳатмӣ ба осоишгоҳи Зимчурӯд бурда шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди нашри видеои маҳалли карантин, мақомоти вазорати тандурустӣ ба онҷо омадаанд ва амр додаанд, ки мусофиронро ба Душанбе баранд.

Ӯ рӯзи 22-уми март аз тариқи Вотсапп ба Радиои Озодӣ навишт: “Баъди нашри видео бегоҳӣ рӯзи 21-уми март омада моро ба шифохонаи маҳаллаи якум советский бурданд. Ҳоло дар инҷо ҳастем, табибон ҳастанд, муомилаи хуб доранд, ҳама ҷо покиза аст, дезинфексия мекунанд. Дар як ҳуҷра 4 нафарро нигаҳ медоранд, шароит бисёр хуб”. Нигора Бобоҷонова ба Радиои Озодӣ барои инъикоси ҳодиса ва ба мақомот барои расидагии фаврӣ ба мушкилоташон изҳори сипос кардааст, ки онҳоро “дар чунин шароити вазнин танҳо нагузоштанд.”

Баҳром Ҷалилов, яке аз мусофирони дигаре, ки аз Дубай баргашта буд, рӯзи 22-уми март ба Радиои Озодӣ навишт, ки онҳоро аз осоишгоҳи Зимчурӯд ба осоишгоҳи “Харангон” дар Варзоб бурдаанд, ки шароити беҳтар дорад. Ӯ аз тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ навишт: “Мо аз шароит розӣ ҳастем, раҳбари осоишгоҳ зани хубе аст ва аз аҳволи ҳама мепурсад. Кормандони осоишгоҳ низ ҳар лаҳза утоқҳоро покиза ва безарар мекунанд. Муҳим, ки ҳолати беҳдоштӣ дар муқоиса ба Зимчурӯд бисёр хуб аст.”

Чанд нафари дигар ҳам ба аз тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки онҳоро ба осоишгоҳи “Харангон” бурдаанд, ки шароити муносибе барои нигаҳ доштани беморон ва афроди таҳти назари табибон доштааст.

Рӯзе пештар аз ин мақомоти Тоҷикистон бештар аз 500 нафареро, ки аз Маскаву Дубай ба Душанбе баргаштанд, барои муоинаи ҳатмӣ ва карантини 15-рӯза ба ду осоишгоҳ дар ноҳияи Варзоб бурданд. Аммо муддати кӯтоҳе баъд аз ҷойгир кардани онҳо дар урдӯгоҳи кӯдаконаи “Зимчӯруд”, мусофирон бо ирсоли видеоҳо ба Радиои Озодӣ ва ҳам нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи номуносиби нигаҳдорӣ дар урдӯгоҳ шикоят карданд.

Онҳо мегуфтанд, ки мақомот даҳҳо нафарро дар як утоқи бузург нигаҳ медоранд, ки баръакс метавонад, одамонро бемор кунад. Айни замон табибон ҳам дар видеоҳо эътироф мекарданд, ки макон барои карантин муносиб нест ва онҳо фурсат барои “омода кардани ҷойи муносиб надоштанд.”

Шикоятҳо аз шароити “карантин” дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Дилрабо Самадова, вакили дифои тоҷик, ки ӯ ҳам дар карантин аст, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки “Барои дастшӯӣ об нест. Чанд бор рафта шикоят кардем, агар як кас байни мо касал бошад, ҳама касал мешавад. Ду нафар дар миёни мо баъди ҷарроҳӣ дар хориҷа ба инҷо оварда шудаанд.”

Интиқол ба ҷойи навро Дилрабо Самадова дар Фейсбук чунин тасвир кардааст.

Баъди ин корбарони зиёде мақомоти Тоҷикистонро танқид карданд, ки омодаи расидагӣ ба мушкилот дар чунин шароит нестанд ва мегуфтанд, "Худо накунаду беморӣ ба кишвар сироят кунад, ҳоли мардум аз ин ҳам бадтар мегардад. Талошҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо намояндагони вазорати тандурустии Тоҷикистон натиҷа надод, ҳарчанд мақомот дар гузашта гуфтаанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти вируси на тамоми чораҳои лозимро меандешанд. Ба гуфтаи вазорат то рӯзи 21-уми март дар кишвар ягон мавриди сирояти беморӣ сабт нашудааст.

Мақомот мегӯянд, аз моҳи феврал то 18-уми март тақрибан 1900 нафареро, ки аз хориҷа омада буданд, зери назорати пизишкон қарор додан ва ё баъд аз карантин ҷавоб додаанд. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то рӯзи 21-уми март дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 91 мавриди сирояти беморӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG