Дарҳо ба рӯяш баста... Маҳбуси собиқ баъди раҳоӣ аз зиндон аз хонаи падар ҳам бенасиб монд

Як ҷавони 28-сола, ки ба тозагӣ аз зиндони шаҳри Ваҳдат раҳо шудааст, мегӯяд, бо далели тахриби манзилаш ҳоло дар кӯча мондааст ва аз мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон талаб дорад, ба мушкилаш расидагӣ шавад.

Ҳикмат Яъқубов, сокини шаҳри Турсунзода соли 2017 бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум шуда, баъди тақрибан 8 соли адои ҷазо, моҳи декабри соли 2024 аз зиндон раҳо шуд. Дар ҷамоати 10-солагии истиқлолияти Турсунзода гуфтанд, аз мушкили ин ҷавон огоҳанд ва ба он расидагӣ хоҳад шуд.

Худи Ҳикмат Яъқубов рӯзи 8-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар ду ҳафтаи дар озодӣ буданаш тамоми талошҳояшро кард ва ба ниҳодҳое мисли додситониву ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат намуд, вале мушкилаш ҳалношуда мемонад.

Ӯ мегӯяд, ҳангоми дар зиндон будан намедонист, ки манзили падар тахриб шудааст. Вақте баъди раҳо шудан хостааст ба хонаашон баргашта, нафаси озоде бикашаду аз паи зиндагӣ шавад, дарҳо ба руяш баста буданд ва пушти дарвозаи манзили падарӣ танҳо таҳкурсӣ боқӣ монда буд.

"Бубинед, ин ҷо роҳе, дарозае буд, ки аз кӯдакӣ то замони зиндонӣ шуданам ҳамеша ба рӯи ман боз буду, дохили ҳавлии падару модар буд. Ҳоло роҳ маҳкам, ин дарвоза низ баста аст. Касе дохил нест. Роҳе нест, ки ба ҳавлии падар дароям. Тариқи хонаҳои ҳамсоя медароям. Аз маҳбас баромадам, орзу доштам, ки меравам дар хонаи падар зиндагӣ мекунам, оила барпо мекунам, зиндагиамро пеш мебарам. 27-уми декабри соли 2024 вақте омада ин ҳолатро дидам, ҳуш аз сарам парид, ки ин ҷоро ин хел чаппа кардаанд ва чаҳор тарафи хонаамон маҳкам аст. Аз сокинони маҳалла пурсидам, гуфтанд "фарзандони падарат ҳамин корро карданд, хонаҳоро чаппа карданд". Дигар даракашонро наёфтам, ки бо онҳо суҳбат кунам. Бо як бародарам суҳбат кардам. Гуфт, ки хонаатро худат бунёд кун, роҳатро биёбу зиндагиатро пеш бар”, - афзуд Ҳикмат Яъқубов, сокини Турсунзода.

Мегӯяд, ҳангоми дар зиндон будан, падару модараш даргузашта, баъди сари онҳо хоҳарбузургаш манзилро тахриб намуда, дар гӯшае аз ҳавлӣ барои худ манзил бунёд карда буд. Дар ҳоле, ки ба нақли вай, қабл аз зиндонӣ шудан ҳамчун писари хурдӣ бо волидайн ӯ танҳо монда буду дигар бародарону хоҳаронаш зиндагии мустақилона доштаанд.

Вай нақл кард, ки падарш исми ӯро аз соли 2014 то 2017 чун сардори хоҷагӣ сабт карда буд. "Баъди аз маҳбас баромадан дидам, ки ин хел шудааст, ҷамоат рафта, дафтари хоҷагидориро нигоҳ кардам, ки маро аз сардори хоҷагӣ бароварда, апаам Яъқубова Ҳавохонро сардори хоҷагӣ гузаронидаанд».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Яъқубовро аз зиндон озод карданд, хонаашонро наёфт

Ҳикмат пас аз баромадан аз зиндон то ҳол муваффақ нашудааст бо хоҳарбузургаш ҳамсуҳбат шавад. Зеро ӯ дар Русия буда, шумори телефонашро аз дигарон ҳам пайдо накардааст. Тамосҳои батакрори мо низ бо яке аз бародаронаш бенатиҷа монд. Муҳиддин Юлдошев, яке аз хешовандони Ҳикмат ба Радиои Озодӣ гуфт, замине, ки дар он манзили падарии ӯ буд, ба номи ин ҷавон будааст.

«Аз андоз одам омада буд, ман пурсидам, ки ин заминҳо дар номи кӣ ҳастанд, гуфтан дар номи Ҳикмат Яъқубов. Ман худам ҳам дидам - номи ӯ навиштагӣ, баъд намедонам ин бача, ки дар маҳбас буд, дигар бародарону апаҳояш чӣ хел кардаанд, ин бача, ки омад ҳамин чор бетони таҳкурсӣ мондагӣ,» - афзуд Муҳиддин Юлдошев.

Маҳбуси собиқ таъкид намуд, ки дар идораи ҷамоати деҳаашон арзу шикоят кардааст, вале чораандешӣ накардаанд. Ба қавли ӯ, дар додситонии Турсунзода ба ӯ гуфтаанд, бояд вакили мудофеъ гирад, вале имкони молӣ надорад, ки вакили мудофеъ бигирад.

Дар ҷомати деҳоти 10-солагии Истиқлолият дар Турзунзода гуфтанд, онҳо дар талоши ҳалли ин мушкиланд. Тағоймурод Нурмадов, раиси ҷамоат афзуд, ки ба тозагӣ дар ин мақом таъин шуда, аз масъала огоҳии зиёд надорад, вале муроҷиати маҳбуси собиқ аз мадди назарашон дур намонда, ба ӯ ҳамзамон тавсия додаанд, ки ба ниҳодҳои дигар ҳам муроҷиат кунад:

«Арзашонро қабул кардем, як намояндаамонро вазифадор кардем, ки рафта бубинад. Лекин бояд ба ҳамон бародарону аппааш ҳамсуҳбат мешудем, мутаассифона онҳо дар Русия будаанд, натавонистем то ҳол ҳамсуҳбат шавем. Гуфтем, ки "Ҳикматҷон, шумо танҳо нестед". То ҷое медонем падарашон ҳамин хел гуфта будааст, лекин ба тариқи нотариалӣ ин ҷавон, ки соли 2013 ноболиғ будааст, 17 сола, хонаро қабул карда натавонистааст, яъне сардори хоҷагиро қабул карда натавонистааст. Ба ҳамин ман ҳайрон шудаам. Гуфтам, як бор ба бахши шуғли аҳолӣ муроҷиат кунед, мо дастгириаш мекунем,» - гуфт ӯ.

Ҳикмат мегӯяд, «ба як сарпаноҳе ниёз дорад ва ҳоло гоҳе дар хонаи рафиқон, гоҳе қади кӯча рӯз мегузаронад ва намедонад чӣ кор кунад: “Рӯзам вазнин мегузарад. Шабро дар хонаи рафиқон рӯз мекунам. Рӯз аз пушти манзили зист мебароям. Ҳатто, ки ҳуҷҷат надорам”, гуфт ӯ.

Марги волидонро аз рафиқонаш шунидааст

Ҳикмат Яъқубов аз 12 соли ҳукми ҳабс дар паи татбиқи қонуни афв дар гузашта, 8 солашро сипарӣ карда баромадааст. Мегӯяд, аз кирдори содирнамудааш пушаймон аст. Ӯ нақл кард, ки шароити маҳбаси нави шаҳри Ваҳдат хуб буда, танҳо ҷо танг будааст. «Дар як ҷои чор ба чорметра 20 нафар будем ва ҳамому ҳоҷатхона низ дохили он буд, ки ҷо тангӣ мекард, дигар шароитҳо бад набуд. Вале маҳбас - маҳбас аст, маро касе хабаргирӣ намеомад, даргузашти падару модарро аз рафиқон тариқи телефон шунидам. Бароям сахт буд», нақл кард ӯ.

Аз ӯҳдаи ронандагиву кафшергарӣ мебарояд ва ният доштааст баъди раҳоӣ аз зиндон аз паи кору зиндагӣ шуда, хонадор шавад. Вале ҳоло ғарқи андешаест, ки чӣ гуна метавонад ягона сарпаноҳашро дигарбора барқарор кунад.

Ӯ ва дигар бародару хоҳаронаш аз як падар ва аз дигар модаранд, вале тавре нақл кард, нодида гирифтани ӯ ҳангоми дар зиндон буданаш барояш дардовар буда, ҳатто боре ба дидорбиниаш нарафтанд.

Ҳикмат ягона маҳбуси собиқ нест, ки аз сарнавишти норӯшанаш нигарон аст. Дар гузашта чунин шикоятҳо борҳо расонаӣ шудааст. Бархе ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти тоҷик даъват мекунанд, барои кӯмак ба маҳбусоне мисли ин ҷавон таваҷҷӯҳи бештар намоянд.

Бесарпаноҳӣ - мушкили бисёр зиндониҳои собиқ

Наргис Зокирова, ҳомии ҳуқуқи инсон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бисёр ҳолатҳо маҳбусони озодшуда бо сабабҳои гуногун ба мушкилии бехонагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва бархе комилан дар кӯча мемонанд.

“Бархеро наздикону пайвандон қабул намекунанд, манзили баъзеашон вақте онҳо дар маҳбас буданд, фурухта мешаванд. Вазъ бештар вазнин мешавад, чун дар кишвар марказҳои будубоши собиқ маҳбусон қариб, ки вуҷуд надорад. Агар бошад ҳам, хеле камшуморанд. Барои ин афрод ақалан ҷойи зисти муваққатӣ лозим аст, ки онҳо то ҳалли мушкили беманзилӣ тавонанд дар онҷо зиндагӣ кунанд,” - шарҳ дод хонум Зокирова.

Вай таъкид намуд, ки барои дарёфти кор маҳбуси собиқ метавонад ба Агентии шуғли аҳолӣ муроҷиат кунад, агар расман бекор эътироф шавад, давоми се моҳ ба ӯ дар ҳаҷми 800 сомонӣ маблағ дода мешавад. Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, Агентии шуғли аҳолӣ ба маҳбусони собиқ роҳхат ба муассисаҳоро медиҳад, ки корфармо ҳуқуқи рад карданро барои таъмини кор надорад. “Аммо дар амал, мутаассифона мо инро кам мушоҳида мекунем", гуф Наргис Зокирова, ҳомии ҳуқуқи инсон.

Муносибати ҷомеа ба маҳкумшудаҳо яксон нест ва барои онҳо раванди мутобиқшавӣ дар ҷомеа баъди зиндон мушкил аст. Қаҳрамони гузориши мо Ҳикмат Яъқубов ҳам мехоҳад ҳар чӣ зудтар мушкили манзилашро ҳал кунаду ба зиндагии одӣ баргардад. Вале саргардониҳои ин шабу рӯзаш мисли вақтшумории кунҷи зиндон барояш сахт мегузарад ва маълум нест, тақдири ин маҳбуси собиқ ба чӣ хоҳад анҷомид.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гулнора Каримова дар зиндон аз “муносибати махсус” баҳра мебарадЗиндонии собиқ дар Хатлон ба ҳамтақдиронаш кор медиҳад54 ҳазор зиндонӣ куҷо шуд? Коҳиши рекордӣ дар зиндонҳои Русия Вазорат мегӯяд, зиндониёни собиқро беназорат намегузорад. ВИДЕО