Сардабири "Пайк" Аҳмади Иброҳимро ба 10 соли ҳабс маҳкум карданд

Як рӯз баъди расонаӣ шудани муроҷиати додхоҳии хабарнигор ва сардабири нашрияи мустақили "Пайк" аз Рустами Эмомалӣ, додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба даҳ соли ҳабс маҳкум кард.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи «Пайк»-ро барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Ҳукми рӯзноманигор имрӯз, 10-уми январ содир шудааст. Аҳмади Иброҳим нимаи моҳи августи соли гузашта боздошт шуда буд. Ӯро ба "ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" айбдор карда буданд.

Дар номае аз боздоштгоҳ ба унвонии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд, ки на ба касе пора додаасту на пора гирифтааст ва умре зидди ифротгароён мубориза кардааст.

Наздиконаш ҳукмро бераҳмона номида озодии ӯро талаб карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хешовандонаш мехоҳанд, Аҳмади Иброҳим озод карда шавад

Нома ба Рустами Эмомалӣ

Дар номае, ки моҳи декабр ба Рустами Эмомалӣ фиристодааст, иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, "агар касе гумон дорад, ки журналистонро роҳбарияти ҳукумат ба маҳбас кашидааст, хато мекунад". Вай боздошташро кори дасти "як раис ва ду корманди мақомот" номида, вале аз касе ном нагирифтааст.

"Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?" – навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш ба Рустами Эмомалӣ.

Ҳарчанд шаҳрвандон имкон доранд, ки барои ҳалли мушкил ба Додгоҳу Додситонӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд, додхоҳиро аз президенту наздикони мансабдораш бартар мешуморанд. Бархе инро натиҷаи яккасардорӣ мепиндоранд, дигарон далели эътимод. Маълум нест, ин номаҳо ба дасти онҳо мерасанд ё не.

Бо гузашти шаш моҳ аз боздошти Аҳмади Иброҳим мақомот ҳанӯз парвандаи ӯро шарҳ надодаанд. Худаш гуфтааст, ҳар пуле, ки барои обунаи ҳафтаномаи "Пайк" ба воситаи "Душанбе Сити Бонк" гузаронда шуд, "тамаъҷӯӣ" арзёбӣ шуд.

Пештар манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки даҳҳо мансабдору тоҷири маҳаллӣ аз ҷониби додситонӣ бозпурсӣ мешаванд ва онҳоро барои шоҳидӣ додан алайҳи Аҳмади Иброҳим маҷбур мекунанд. Аҳмади Иброҳим дар номаҳояш гуфтааст, аз 13 шоҳид дар мурофиаҳо касе зидди ӯ гап назад.

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.

Боздошту иттиҳоми зидди ӯ низ ба кори нашрияаш пайванд мегирад. Вазорати фарҳанг иҷозатномаи кори онро дароз накард ва ӯ гуё барои дастрас кардани иҷозатнома ба як маъмури КДАМ ду ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки дӯстонаш онро сохта ва парвандаи ӯро интиқомгирӣ барои матлабҳои танқидиаш меноманд.

Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, рӯзи 12-уми декабр гуфт, ки Аҳмади Иброҳим "бар асоси иттиҳомҳои сохта ба ҷавобгарӣ кашида шудааст".