Аз рафтани русҳову омадани тоҷикон ба марзи дарозу хатарнок 15 сол гузашт

Марзбонони рус дар он солҳо пайваста аз мусодираи садҳо килограм афюну ҳероин гузориш медоданд. Ин акси Итар Тасс аз рӯзи 6-уми августи соли 2004 аст.

Гаштзании сарбозони рус дар ноҳияи Панҷ дар назди як гӯшаи симхоркашидаи марзи 1300 километрии Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз ИТАР ТАСС ва аз рӯзи 25-уми сентябри соли 2001 аст.

Инҷо заставаи 12-уми неруҳои марзбонии Русия буд, ки аз аввалинҳо шуда ба дасти посбонони тоҷик гузашт.

Нуралишо  Назаров генерали бознишастаи тоҷик, ки раиси Неруҳои сарҳадбонии Тоҷикистон буд ва аз музокиракунандагони аслии ба ихтиёри тоҷикон додани сарҳад. Ӯ гуфта буд, ки "дар сарҳади Тоҷикистон бояд парчами Тоҷикистон парафшон бошад, на аз кишвари дигар". 

Баъди ҷанҷоли зиёд ва ҳаёҳуи расонаҳои Русия, ки марзбонони тоҷик тавоноии муҳофизати марзро надоранд, сарҳад дар ниҳоят соли 2005 ба дасти неруҳои Тоҷикистон гузашт. Инҷо марзбонони тоҷик дар канори рӯдхонаи Панҷ ҳастанд. Акса аз моҳи августи соли 2010. 

Марзбонони тоҷик дар хати марз дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Панҷ. Яке аз гузаргоҳҳои аслӣ барои қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон. 

Дар муддати 15 соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон се пуле сохтанд, ки ду кишварро ба ҳам мепайвандад. Сарҳадбонони тоҷик ҳангоми тафтиши санади онҳое, ки ба Тоҷикистон мегузаранд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз роҳҳои асосии қочоқи афюну ҳероину банг ва дигар маводи мухаддир ба Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба ҳисоб меравад. 

Посгоҳи "Сомон" дар ноҳияи Панҷ. Парчаме, ки Нуралишо Назаров дар бораи он мегуфт,  инҷо парафшон аст. 

Дидбонгоҳе дар марзи Тоҷикистон. Бо вуҷуди пешрафт дар таъмину муҷаҳҳаз кардани неруҳои сарҳадӣ гузоришҳои зиёде дар бораи таъмини нокофии муҳофизони сарҳади Тоҷикистон нашр мешавад. Даҳҳо нафари онҳо низ бо гуноҳи мусоидат ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.