Талаби вакилони мудофеъ дар бораи 8 гумонзад дар парвандаи "табаддулот"

Дар акс: Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода

Вакилони мудофеи 8 гумонзад дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон хостаанд, ки додрас онҳоро бегуноҳ эълон кунад.

Сухан дар бораи Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Акбаршо Искандаров, Абдулфайз Атоӣ, Аҳмадшо Комилзода, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев меравад. Се намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, се мансабдори пешини давлатӣ ва ду маъмури бознишастаи амният.

Талаби вакилони мудофеъ (адвокат) рӯзи 14-уми январ садо додааст, вале азбаски мурофиа паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ гузашт, тафсилоташ маълум нест.

"Вакилон дар бораи бегуноҳии зерҳимояҳои худ баромад карданд. Ин сухани охирини онҳо дар мурофиа буд," – гуфт як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ.

Яке аз вакилони мудофеъ низ баъди баромадан аз Боздоштгоҳ тасдиқ кард, ки "ҳама атрофи иттиҳоми зерҳимояҳои худ гап заданд". Аз ин бештар маълумот надод.

Эҳтимол дар мурофиаҳои оянда сухани охирини гумонзадҳо шунида шуда, сипас додрас барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ равад. Маълум нест, ки мурофиаи навбатӣ кай баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳашт чеҳраи маъруф ва ходимони пешини давлатиро ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гумонзад медонанд. Додситон рӯзи 8-уми январ ба онҳо аз 23 то 30 сол ҳабс талаб кард:

  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 30 сол зиндон,
  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 30 сол зиндон,
  • Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 26 сол зиндон,
  • Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 26 сол зиндон,
  • Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол зиндон,
  • Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол зиндон,
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ – 23 сол зиндон,
  • Аҳмадшо Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 23 сол зиндон.

Наздикони ин афрод аз суҳбати ошкоро худдорӣ мекунанд. Танҳо хешованди яке аз чеҳраҳои шинохта бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба гунаҳкор будани онҳо шубҳа доранд. "Талаби додситон барои шахсони калонсол баробар ба ҳабси абад аст," – гуфт ӯ.

Худи гумонбарон дар парвандаи маъруф ба "табаддулот", дар охири моҳи декабри соли 2024 иттиҳоми хиёнат ба давлатро рад ва аз фишори муфаттишон шикоят карда буданд.

Баррасии парванда аз 14-уми ноябри соли 2024 идома дорад. Наздикони гумонбарон ба толор роҳ надоранд. Вакилони мудофеъ аз суҳбат худдорӣ мекунанд.

Боздошти ин афрод дар моҳи июни соли 2024, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода, оғоз шуд. Додситони кулли Тоҷикистон он вақт дар ҳузури вакилони порлумон гуфт, ки нақшаи ғасби ҳукумат тӯли чанд сол омода шудааст, вале баъдан бар рӯйи парванда муҳри махфӣ ниҳод.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Freedom House ва Amnesty International, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби мунтақидону мухолифон дар солҳои охир танқид мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Кӯшиши табаддулот" – "Баҳона барои нобуд кардани мунтақидон"