Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт, кишвараш рӯзҳои наздик барои Украина кӯмакҳои иловагии амниятӣ ихтисос медиҳад.
Рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Деҳлӣ овозхони маъруф Файзигул Юсуфӣ даргузашт.
Владимир Зеленский, президенти Украина гуфтааст, ки маъмурияти Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико ба ҷанг аз оне, ки интизор аст, зудтар хотима хоҳад дод.
Додгоҳи вилояти Маскав як ҳунарпешаи ҷавони тоҷикро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Украина ба 14 соли таҳаммул дар зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Додгоҳ ҳукми Шарифҷон Тиллозодаро, ки парвандааш соли гузашта сару садои зиёде барангехт, рӯзи 13-уми ноябр содир кардааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 6-уми сентябр аз ҳампаймонҳои ғарбиаш хост, ба кишвараш кӯмакҳои бештари низомӣ бидиҳанд.
Ҳамлаи Украина ба Русия ва таҳти назорат гирифтани вилояти Курск сабаби рехтани обрӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин шудааст.
58 дарсади соҳибкорони Украина камбуди нерӯи кориро як мушкили аслӣ дар кори худ гуфтаанд. Ин хулосаи таҳқиқоте аст, ки Вазорати иқтисоди Украина моҳи июн нашр карда. Ба иттилои таҳлилгарони бозори кор, ин бузургтарин бӯҳрон дар бозори меҳнат аст.
Ҷанги Русия дар Украина сабаб шудааст, ки ширкатҳои зиёде дар ин кишвар ба неруи корӣ эҳтиёҷ пайдо кунанд. Азбаски қисми зиёдеро ба артиш сафарбар кардаанд ва қисми дигар ҳам аз тарс аз кишвар фирор кардаанд, ҳоло ширкатҳои украинӣ намедонанд, аз куҷо барои худ коргар ёбанд.
Аз тахриби мудҳиши обанбори "Нова Каховка" дар Украина як сол гузашт. Садди якбора харобшуда боиси обхезии шадиде шуд ва имрӯз ҳам мушкилоти зиёде дорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский барои хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ нишасти матбуотӣ барпо кард.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Амрико баъд аз чанд моҳи баррасӣ тарҳи қарор дар бораи кӯмак ба Украинаро қабул кард.
Бо гузашти ду сол аз куштори ваҳшатбор дар шаҳраки Бучаи Украина сокинон ҳанӯз ҳам саъй доранд ҳувияти қурбониёнро маълум кунанд.
Ёфтҳои бештар