Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Конибодом: Боздошти ду гумонбар бо иттиҳоми қатли ҷавони 25-сола

Амрулло Боймирзоев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Амрулло Боймирзоев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Пулиси шаҳри Конибодом ду нафарро бо гумони қатли Амрулло Боймирзоеви 25-сола боздошт кардааст. Дар ин бора Нарзулло Боймирзоев, падари Амрулло ба Радиои Озодӣ хабар дод. Мақомот дар ин бора расман хабар надодаанд.

Нарзулло Боймирзоев, ки ҳамзамон раиси идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ҳам ҳаст, 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи гумонбарон маълумоти зиёд надорад. "Тафтишот идома дорад, бо 2 нафар қаноат нест,"-афзуд Боймирзоев.

Шаби 22 ба 23-юми октябр афроди ношинос Амрулло Боймирзоевро дар ҷойи кораш, дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом куштанд. Ин ҷавон посбони коргоҳи тоза кардани пахта буд. Сабабҳои куштор феълан маълум нест. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ дар бораи ҳодиса то ин дам бенатиҷа буд.

Ин ягона куштори норӯшан дар шаҳри Конибодом нест. Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон садҳо муассисаро барои ҳолати ғайрисанитарӣ муваққатан баст

Озмоишгоҳи тиббие дар Қирғизистон
Озмоишгоҳи тиббие дар Қирғизистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, соли 2024 фаъолияти 651 иншоот “бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд”.

Ин маълумот дар ҷараёни ҷаласаи натиҷагирӣ аз соли кории вазорати тандурустии Тоҷикистон садо дод, ки рӯзи 8 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷаласаи васеъ бо иштироки вазир Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини нахуствазир Дилрабо Мансурӣ баргузор шуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон

Дар хабаре, ки дар саҳифаи фейсбуки вазорат чоп шудааст, аз ҷумла омадааст, ки дар соли гузашта кормандони вазорат дар тақрибан 17 ҳазор муассиса аз лиҳози мутобиқ буданашон ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ санҷиш барпо намуданд ва дар паи он нисбати беш аз 11,5 ҳазор шахси масъул протокол тартиб дода шуд.

Дар муддати як сол, вазорат аз истеъмоли 413 тонна хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта пешгирӣ кардааст.

Трамп гуфт, омодагиҳо ба мулоқоти ӯ бо Путин ҷараён дорад

Ҳелсинки, 16 июли соли 2018
Ҳелсинки, 16 июли соли 2018

Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ҳоло  омодагӣ ба  мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ҷараён дорад, вале ӯ нагуфт, ки ин вохӯрӣ кай барпо мешавад.

Трамп, ки 9 январ дар қароргоҳаш дар Мар-а-Лагои Флорида бо раҳбарони ҷумҳурихоҳи иёлоти мухталифи Амрико сӯҳбат мекард, гуфт, “мо бояд ба ин ҷанг хотима диҳем”.

Ӯ гуфт, то замони шурӯи расмии кораш 20 январ аз додани ҷузъиёт худдорӣ мекунад. Дар Кремл ҳанӯз ин изҳоротро шарҳ надодаанд. Аз ин пеш сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, Путин хоҳиши Трампро барои барпо кардани робитаҳо дастгирӣ мекунад, вале ҳанӯз ҳеҷ дархости расмие ба Кремл ворид нашудааст.

Трамп, ки дар мулоқоти қаблиаш бо журналистон гуфта буд, дар сурати президент шуданаш ҷангро дар Украина дар 24 соат хотима медиҳад, вақтҳои охир дигар аз гуфтани мӯҳлатҳои мушаххас худдорӣ карда, дар яке аз нишастҳои матбуотии 7 январаш гуфт, умедвор аст амалиёти ҷангӣ байни ду кишвар дар ним сол хотима дода мешавад.

Квота барои шираи камол дар Тоҷикистон. Иҷозатномаро ба кӣ медиҳанд?

Шираи камол. Акс аз бойгонӣ
Шираи камол. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон меъёр ё квота барои ҷамъоварии шираи камол ва ширинбия - ду гиёҳи нодирро дар соли 2025 тасдиқ кардааст.

Бар асоси фармоиши ҳукумат, имсол барои ҷамъоварии 80 тонна шираи камол ва ҳазор тонна ширинбия иҷозат дода мешавад. Ҷамъоварии ин гиёҳҳои нодир танҳо ба онҳое иҷозат дода мешавад, ки аз он дар дохили ҷумҳурӣ маҳсулот тайёр кунанд. Шираи камол ва ширинбия асосан дар саноати доруворӣ истифода мешавад.

Дар фармоиши ҳукумат зикр нашудааст, ки соли 2025 ба кадом ширкатҳо ҳаққи ҷамъоварии шираи камол ва ширинбия дода мешавад. Ҳукумат инро ба салоҳияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист гузоштааст. Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шудаанд, ки барои “ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол ва решаи ширинбия чораҳои дахлдор андешанд.”

Ҷамъоварии шираи камол то соли 2020 дар ихтиёри ширкатҳои “Фароз” ва “Мину фарм” буд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ин ширкат ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Соли 2019 даҳҳо тан аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурӯхтаанд, дар назди идораи ширкат ҷамъ омада, хостори бознигарии қарордодҳояшон шуда буданд. Аммо мақомот баъзе аз ин коргаронро ҳабс карданд.

“Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад. Дар ҳоли ҳозир дар 11 ноҳияи Тоҷикистон майдонҳои шираи камол вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара, Ёвон,Темурмалик, Ҳисор, Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросон, Рудакӣ, Турсунзода ва Шаҳринав.

Шурӯи мурофиаи хабарнигор Салимҷон Иномзода дар Тошканд

Салимҷон Иномзода
Салимҷон Иномзода

Дар як додгоҳи шаҳри Тошканд мурофиаи додгоҳии хабарнигор  ва сардабири саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон»-и Фейсбук шурӯъ шудааст.

Аввалин мурофиаи Салимҷон Иномзода (аз рӯи шиноснома - Азметов) рӯзи 8 январ дар додгоҳи ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ҳафт моҳ баъди боздошти хабарнигор баргузор шуд.

Пайвандонаш гуфтанд, ки мурофиа кушода сурат гирифт ва фарзандонаш дар толор ҳузур доштанд, вале онҳо аз додани ҷузъиёти рӯзи аввали мурофиа худдорӣ мекунанд.

Иномзода бар асоси моддаи 244 иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Узбекистон дар бораи “истеҳсол, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани маводи дорои хатар ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ” ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Иномзодаро баъди нашри суруди Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро" ба саҳифаи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон" дар моҳи июли соли 2024 ба ҷавобгарӣ кашиданд ва аз ҷумла, дар бораи чӣ гуна ба ин саҳифа роҳ ёфтани ин суруд суол карданд.

Мақомоти тафтишотӣ парвандаро шарҳ намедиҳанд.

Эркин Рӯзиев, яке аз шоҳидони парванда гуфт, додгоҳ иштироки шоҳидонро ҳам дар рӯзи аввали мурофиа таъмин кардааст.

Гуруҳи "Тоҷикони Узбекистон" як гурӯҳи фарҳангӣ дар Фейсбук аст ва асосан матолиби фарҳангӣ дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон нашр мекунад ва 15 ҳазор узв дорад.

Радиои Озодлик менависад, дар Узбекистон соли 2023 чил хабарнигор ва блогери маҳаллӣ дар номае ба президент Шавкат Мирзиёев аз сензура ва таъқиби афзоянда шикоят карда хостори ислоҳи вазъ шуданд. Созмони байнамилалии "Гузоришгарони бидуни марз" соли 2024 гуфт, нишондодҳои озодии баён дар Узбекистон ин кишвар дар давоми як соли гузашта бадтар шуда, аз ҷои 137-ум ба 148-ум фаромадааст.

Дар Русия ҳодисаи заҳролудшавии даҳҳо кас аз ғизо таҳқиқ мешавад

Дар шаҳри Перми Русия ба камиаш 82 нафар аз хӯрдани маҳсулоти корхонаи “Хлебнитса” заҳролуд шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 10 январ Baza хабар дода гуфтааст, ки даҳҳо нафар бистарӣ шудаанд.

Шикоят аз заҳролудшавии сокинон аз 29 декабр ба ин тараф расонаӣ мешавад. Чил бемор бо ташхиси энтерит ва 21 нафар бо салмонелоз табобат мегиранд.

Кумитаи тафтишот аз рӯи моддаи хидматрасоние, ки ҷавобгӯи бехатарӣ нест, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар муассисаҳои таҳияи ғизои умумӣ дар Русия дар гузашта ҳам сабт шудааст.

Дар ағбаи Қамчиқ ду сайёҳ вақти акси селфӣ ҷон доданд

Ағбаи Қамчиқ. Акс аз соли 2012
Ағбаи Қамчиқ. Акс аз соли 2012

Дар  Узбекистон  ду сайёҳе ҳангоми гирифтани акси селфӣ ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои изтирории Узбекистон Мурод Содиқов рӯзи 9 январ ба ТАСС гуфтааст, ки ҳодиса дар ағбаи Қамчиқи воқеъ дар қитъаи шоҳроҳи Тошканд-Андиҷон-Ӯш рӯй додааст.

Ба гуфтаи Содиқов, ду сокини ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ба нуқтаи баланди ағба, ки он ҷо макони нигаҳдории васоили техникӣ мебошад, баромаданд ва яке аз онҳо хост акси селфӣ гирад. Ногаҳон пояш лағжид ва вақти ба поён сарозер шудан, бо дасташ нафари ҳамроҳашро бо худ кашид.

Ҳарду ба як чуқурии азими пурбарфе афтоданд. Ходимони ёрии изтирорӣ, ки ба гуфтаи Содиқов, зуд расида омаданд, ҷасади ин ду мардро пайдо карданд.

Ағбаи Қамчиқ дар баландии беш аз 2 ҳазор метр дар шарқи Узбекистон наздик ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгир аст. Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам чанд ҳодисаи марг дар паи талоши гирифтани акси селфӣ дар баландиҳои хатарнок сабт шудааст.

Баҳрайн мизбони Бозиҳои сеюми осиёии наврасон эълон шуд

 Соли 2013, Бозиҳои осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин барпо шуданд
Соли 2013, Бозиҳои осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин барпо шуданд

Бозиҳои сеюми осиёии наврасон, ки аз Тошканд ба Баҳрайн интиқол ёфтанд, аз 22-юм то 31-уми октябри соли 2025 баргузор мешаванд. Дар ин бора Шӯрои олимпии Осиё хабар додааст.

Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё дар робита ба изҳороти расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон гирифта шудааст. Мизбони пешини ин чорабинӣ эълом дошт, ки дар моҳи сентябри соли 2025 имкони баргузории Бозиҳои осиёии наврасонро надорад, зеро сохтмони шаҳраки олимпӣ дар Тошканд сари вақт анҷом намеёбад.

Инчунин Бозиҳои V Параосиёӣ, ки мебоист дар Тошканд баргузор мешуданд, лағв гаштанд. Макони нави баргузории онҳо ҳанӯз маълум нест.

Узбекистон ҳуқуқи мизбони Бозиҳои сеюми осиёии наврасонро дар соли 2019 гирифта буд. Дар соли 2020 нақшаи омодагиҳо ба мусобиқа тасдиқ ва соли 2022 санги таҳкурсии шаҳраки олимпӣ ба маблағи 289 миллион доллар гузошта шуд.

Кумитаи олимпии Баҳрайн омодагии худро барои мизбонии Бозиҳои сеюми наврасон дар соли 2025 бо фароҳам овардани иншооти варзишӣ, манзил ва хадамоти тиббӣ изҳор кардааст.

Шӯрои олимпии Осиё якҷоя бо Кумитаи олимпии Баҳрайн намудҳои варзишеро, ки ба барномаи мусобиқот шомил хоҳанд шуд, тасдиқ кард: 1.Варзиши сабук. 2.Бадминтон. 3.Баскетбол (3х3). 4.Аспдавонӣ. 5.Киберспорт. 6.Футзал. 7.Голф. 8. Ҳендбол. 9.Ҷудо. 10.Ҷиу-ҷитсу. 11.Ҳунарҳои размии омехта. 12.Велесипедронӣ. 13.Шиноварӣ. 14.Тенниси рӯи миз. 15.Таэквондо. 16.Триатлон. 17.Куштӣ. 18.Вазнабардорӣ. 19.Каббода. 20.Волейбол. 21.Текбол.

Ёдовар мешавем, нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009 дар Сингапур баргузор шуданд, бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қора дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои варзиши обӣ тӯли 9 рӯз идома карданд. Дар нахустин Бозиҳои осиёии наврасон дар Сингапур танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат дштанд. Натиҷаи Атобоев хубтар буд. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ҷойи чорумро касб кард. Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои дуюми осиёии наврасон соли 2013 дар шаҳри Нанҷинги Чин бо иштироки беш аз дуним ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора дар 17 риштаи варзиш сурат гирифт, ки намояндагони 29 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук - рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду кас медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Президенти Эрон 14-уми январ ба Душанбе сафар мекунад

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 14-уми январ бо сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Қарор аст, боздиди Пизишкиён аз Тоҷикистон то 16-уми январ идома кунад. Ин нукта дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки Радиои Озодӣ 10-уми январ бо он шинос шуд.

Дар санад ҷузъиёти сафари президенти Эрон наомадааст. Танҳо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президент муваззаф шудаанд, ки тадорукоти ин сафарро анҷом диҳанд.

Ин аввалин бор аст, ки Масъуд Пизишкиён ба ҳайси раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон доир шавад.

Душанбе ва Теҳрон дар даҳ соли ахир робитаи печидае доштанд. Муносибати Эрону Тоҷикистон дар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд. Мақомот дар Душанбе Эронро барои пуштибонӣ аз ҲНИТ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор карда буданд.

Наздикии Тоҷикистон ва Эрон соли 2019 пас аз имзо шудани протокол дар бораи ҳамкорӣ дигарбора шурӯъ шуд.

"Пул надиҳӣ беобрӯят мекунам". Таҳдиди марде бо номи занона  

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як марди 44-сола дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" худро ҳамчун зан муаррифӣ карда, аз як марди 28- солаи ин ноҳия бо таҳдид ё шантаж 10 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст.

Мақомот дар барномаи “Ахбори Вазорати корҳои дохилӣ” хабар доданд, ки Баҳром Саъдуллоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо номи занона саҳифа кушода, баъди бо марди 28- сола шинос шудан, "аз вай талаб мекунад, ки барои исботи вафодорию дӯстдорияш аксҳояи бараҳнаашро равон кунад".

Баъди ба даст овардани аксҳо ӯ бо роҳи шантаж аз ҳамсӯҳбати худ 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст. Бино ба ин гузориш, Баҳром Саъдуллоев ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, аксҳои бараҳнаашро дар Интернет паҳн ва оилаашро вайрон мекунад.

Гуфта мешавад, охири моҳи ноябр ҷабрдида ба корти бонкии гумонбар 1700 сомонӣ гузаронидааст. Баъди муроҷиати ҷабрдида кормандони милитсияи ноҳияи Спитамент Баҳром Саъдуллоевро боздошт карданд. Нисбати ӯ барои тамаъҷуйӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Марги Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола аз дуди ангишт дар Ховалинг

Дар Ховалинг дуди ангишт як нафарро кушту дигариро бемор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Бар асари заҳролудшавӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола фавтида, як нафари дигар осеб дидааст.

Ҳодиса шаби 5-уми январ дар корхонаи истихроҷи тилои “Нахш” иттифоқ уфтод.

Як манбаъ дар Идораи милиса дар ноҳияи Ховалинг рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарду шабона дар бухорӣ ангишт сӯхтаанд. Зоҳиран дуди сабаби фоҷиа гаштааст.”

Меҳроҷиддин Акбаров, зодаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст. Хонаводааш дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди огоҳӣ ҳарду заҳролудшударо ба бемористони ноҳияи Ховалинг бурданд, аммо Меҳроҷиддинро наҷот дода натавонистанд. Ҷасади ӯ баъди ташхис барои дафн ба зодгоҳаш фиристода шудааст.

Дар шифохонаи ноҳияи Ховалинг дар суҳбати кӯтоҳ гуфтанд, ки шахси дувуми заҳролудшуда аз бемористон рухсат шуд.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Сокинон аз минтақаҳои гуногун барои кор ба ин инҷо меоянд.

Соле нест, ки хабари марги сокинон дар минтақаи тилохез расонаӣ нашавад. Бо вуҷуди ин, садҳо сокини Ховалинг ва гӯшаҳои дигари вилояти Хатлон ҷони худро дар хатар монда, тило меҷуянд ва бо кори хатарноку сангин, аммо пурдаромад аробаи зиндагиашонро мечархонанд.

Лос-Анҷелес: Хонаи чанд ситораи Ҳоллувуд ба коми оташ рафт

Пасифик Палисейдс
Пасифик Палисейдс

Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар шаҳри Лос-Анҷелес чанд ситораи ҳунару телевизиони Амрикоро аз хонаҳояшон маҳрум кард.

Хабаргузории "Рейтерс" навишт, ки дар сӯхтори рӯзҳои охир ҳунарпешаи маъруф Билли Кристал хонаашро дар маҳаллаи Пасифик Палисайдз аз даст дод. Ӯ дар ин манзил аз соли 1979 мезист.

Перис Ҳилтон, чеҳраи маъруфи телевизионӣ, саҳнаҳои сӯхтани хонаашро дар соҳилҳои шаҳри Малибуи Калифорния ба таври зинда аз телевизион дид.

Ҷеми Ли Кӯртис, Ҷеймс Вуд, Менди Мур, Марк Ҳамилл ва Мариа Шрайвер аз шахсиятҳои дигари ҷабрдида номбар мешаванд. Ҳамаи онҳо дар минтақаҳои сарватмандони шаҳри Лос-Анҷелес хонаҳои боҳашамат доштанд.

8-уми январи 2025
8-уми январи 2025

Ҳунарпеша Лейтон Мистер ва ҳамсараш Адам Броди дар сӯхторҳои охир аз хонаашон бо нархи 6,5 миллион доллар маҳрум шуданд.

Билли Кристал ва ҳамсараш Ҷеннис, баъд аз зиндагии 46-сола манзилашонро аз даст доданд. Онҳо гуфтанд, дар ин хона фарзандону наберагонашон ба воя расидаанд.

"Сӯхтор дилшикаста кард, вале инро бо муҳаббат ба фарзандон ва дӯстонамон пушти сар мекунем”, -- гуфтанд онҳо.

Перис Ҳилтон, як ситораи барномаҳои зиндаи телевизионӣ, гуфт, “дидани саҳнаи аз даст рафтани хонаам як ҳолати бештар аз дилшикастагӣ дошт”.

Ӯ дар шабакаи "Х" навишт: “Мо дар хона бо оила нишаста хабарҳоро тамошо мекардем. Дидем, ки хонаи мо дар Малибу дар як пахши зиндаи телевизионӣ ба хок яксон шуд. Худо накунад, ки чунин ҳолате ба сари касе биёяд”.

Шрайвер, ки ҳамсари пешини волии Калифорния ва ситораи кино Арнолд Шварсенеггер аст, дар бораи сӯхтори хонааш гуфт: “Ҳама чиз аз даст рафт. Маҳаллаи мову тарабхонаҳои мо”.

Ӯ навишт: “Сӯхторнишонҳо тамоми талошро ба харҷ доданд, вале оташ чунон сартосарӣ буд, ки ғайри қобили назорат гардид”.

8-уми январи 2025
8-уми январи 2025

Ҳунарпеша Вудс, ки саҳнаи фоҷеаро дар як мусоҳибааш тасвир мекард, беихтиёр гирист. Вай нақл кард, ки вақте маҷбур шуданд хонаро тарк кунанд, ҷияни хурдсолаш қуттии пулҷамъкуниашро ҳам ҳамроҳи худ баровард ва гуфт, бо ин пул “хонаи нав месозанд”.

Хонаи ситораҳои ҳунари Амрико, ки дар маҳаллаи Пасифик Палисейдс ба коми оташ рафтаанд, ҳар якаш ба ҳисоби миёна 4,5 миллион доллар нарх доранд.

Cӯхтори мудҳише (бо сабаби табиӣ) дар Калифорния рӯзи 7-уми январ сар зад. Ба камиаш сӣ ҳазор кас аз зери дуди азиме, ки як қисми зиёди шаҳрро печонда буд, ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.

Эълони сана ва шаҳрҳои баргузории Ҷоми Осиё 2027 дар Саудӣ

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) эълон кардааст, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар Арабистони Саудӣ аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли 2027 баргузор шуда, дар мусобиқот 24 дастаи мунтахаб иштирок мекунад.

Мусобиқот дар ҳашт варзишгоҳи се шаҳри Арабистони Сауди — Риёз, Ҷидда ва Хубар доир мегардад. Қарор дар бораи сана ва макони баргузории мусобиқот дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC тасдиқ шудааст.

Ёдовар мешавем, аз Осиёи Марказӣ тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон мустақиман ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд, зеро онҳо ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 мушарраф шуданд.

Аз рӯи натоиҷи мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “G” мақоми сеюмро касб кард ва натавонист муборизаро барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол идома диҳад.

Ҳамакнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Филиппин, Молдив, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «В»: Лубнон, Яман, Бутан, Бруней.

Гурӯҳи «С»: Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Бангладеш.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Туркманистон, Тайбейи Чин, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «E»: Сурия, Афғонистон, Мянмар, Покистон.

Гурӯҳи «F»: Ветнам, Малайзия, Непал, Лаос.

Нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир мегардад.

Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

25 марти 2025 (сешанбе)

Тоҷикистон Тимори Шарқӣ

Молдив - Филиппин

Даври дуюм

10 июни 2025 (сешанбе)

Филиппин - Тоҷикистон

Тимори Шарқӣ - Молдив

Даври сеюм

9 октябри 2025 (панҷшанбе)

Тоҷикистон Молдив

Тимори Шарқӣ - Филиппин

Даври чорум

14 октябри 2025 (сешанбе)

Молдив - Тоҷикистон

Филиппин Тимори Шарқӣ

Даври панҷум

16 ноябри 2025 (сешанбе)

Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон

Филиппин - Молдив

Даври шашум

31 марти 2026 (сешанбе)

Тоҷикистон Филиппин

Молдив - Тимори Шарқӣ

Пеш аз оғози мусобиқоти интихобӣ, Transfermarkt ҳайати гаронарзиштарин футболбозони тимҳои миллии ширкаткунандаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро муайян кард. Дар ин тими рамзӣ бозигарони се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Сурия ва Тайланд бартарӣ доранд.

Дастаи Тоҷикистонро дарвозабон Рустам Ятимов (1,5 миллион евро), ҳимоятгар Зоир Ҷӯрабоев (700 ҳазор евро), нимҳимоятгарон Парвиз Умарбоев (500 ҳазор евро) ва «Эҳсони Панҷшанбе» (600 ҳазор евро), инчунин ҳамлагар Ҳамадонӣ Камолов (600 ҳазор евро) намояндагӣ карданд.

Чечилиа Соло баъди раҳоӣ аз зиндони Эрон ба Итолиё баргашт

Чечилиа Соло
Чечилиа Соло

Хабарнигори итолиёӣ Чечилиа Соло, ки тахминан се ҳафта аз ҷониби полиси Теҳрон боздошт шуда буд, озод гардида, ба шаҳри Рум баргашт. Соло дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешуд.

Хабарнигори 29-соларо дар фурудгоҳи Чампинои Рум дар баробари наздиконаш, инчунин, нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ, вазири корҳои хориҷӣ Антонио Таяни ва шаҳрдори Рум Роберто Гуалтйери пешвоз гирифтанд.

Мелонӣ хабарнигорро “як шахси ҷасур” номид ва ҷудогона бо ӯ суҳбати кӯтоҳ анҷом дод.

Чечилиа Соло рӯзи 19-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Теҳрон боздошт шуд, вале полиси Эрон як ҳафта хабари боздошту шароити будубоши ӯро пинҳон дошт.

Нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелони барои кумак дар раҳоии Соло аз ҳамкоронаш дар сохторҳои дипломатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ташаккур кард.

Дар ҳоле ки сабаби дақиқи боздошти Соло гуфта нашуд, подкасти охирини нашркардааш аз Теҳрон рӯзи 17-уми декабр дар бораи мардсолорӣ дар ҷомеаи Эрон нақл мекард.

Се рӯз пеш аз ҳабси Соло як соҳибкори эронию швейтсарӣ Муҳаммад Обиддини дар шаҳри Милани Итолиё боздошт шуд. Амрико ӯро барои ширкати эҳтимолиаш дар ҳамлаи маргбори паҳпод болои пойгоҳи Урдун гумонбар медонад. Эрон боздошти Обиддинро “ғайриқонунӣ” номида, сафири Итолиёро дар Теҳрон аз эҳзор кард.

Амрико боздошти Солоро амали “интиқомҷӯёна” номид ва созмонҳои байнулмилалии Гузоришгарони бидуни марз ва Федератсияи байнулмилалии хабарнигорон онро “худсарӣ” ва “тамаъҷӯӣ” номиданд.

Дар Эрон бисёр мавридҳои боздошт ва ҳабси хабарнигорони дорои душаҳрвандӣ бо иттиҳомҳои сохта ва бо ҳадафи фишор ба кишварҳои ғарбӣ сурат мегирад.

Яке аз қазияҳои охирин қазияи Ризо Вализода, хабарнигори собиқи Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ аст. Ӯро моҳи декабр барои “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба 10 сол зиндон маҳкум карданд.

Вализода соли 2022 корро дар Радиои Фардо бас карда, дар оғози соли 2024 барои дидани хонаводааш ба Эрон рафт, вале боздошт шуд.

Манбаъҳои наздик ба Вализода бозгашти ӯро ба Эрон “як доми амниятӣ” номиданд. Онҳо гуфтанд, намояндагони амният пеш қаблан ба ӯ замонат дода буданд, ки бозгашташ ба Эрон бехатар хоҳад буд.

Эрон, ки дар Шохиси озодии матбуот соли 2024 дар ҷои 176-ум қарор гирифт, яке аз ноамнтарин маконҳои кор барои рӯзноманигорон дар ҷаҳон дониста мешавад.

Ҳукумати Арманистон барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо як қадам пеш гузошт

Ҳукумати Арманистон тарҳи қонунро дар бораи вуруди ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо қабул кард. Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми январ хабар дод.

Арарат Мирзоян, вазири корҳои хориҷии Арманистон, ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, Иттиҳоди Аврупо чанд дафъа аз демократия дар ин кишвар ҳимоят кардааст.

"Арманистон омода аст ба Иттиҳоди Аврупо то он дараҷае, ки имкон дорад, наздик шавад. Мо нишонаҳоеро мебинем ва ин наздикӣ имконпазир аст," -- афзуд Мирзоян.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, гуфт, қабули ин тарҳ маънои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро надорад.

Ба гуфтаи Пашинян, бояд аввал харитаи роҳ бо Иттиҳоди Аврупо мувофиқа шуда, тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар кишвар раъйпурсӣ гузаронда шавад.

Дар ҳамлаи Русия ба Херсон чор кас кушта шудааст

Дар ҳамлаи нави Русия ба вилояти Херсони Украина 4 кас кушта шуда, даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Александр Прокудин, волии Херсон, гуфт, ду бинои баландошёна ва чор манзили сокинон дар ин ҳамла зарар дид.

Нерӯҳои Русия шаби 8 ба 9-уми январ ба сӯи шаҳрҳои Украина 70 бесарнишин ё дрон партоб карданд.

Мақомоти Украина гуфтанд, 46 бесарнишинро дар фазо нобуд карданд.

Расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Владимир Раков, раққоси 29-сола рӯзи 6-уми январ дар ҷанг алайҳи неруҳои Русия кушта шудааст.

Намояндаи Трамп гуфт, ӯ қасди гузашт ба Русияро надорад

Кит Келлогг
Кит Келлогг

Кит Келлогг, номзад ба мақоми фиристодаи Амрико дар масъалаи Украина ва Русия гуфт, Доналд Трамп қасди гузашт кардан ба Русияро надорад, баръакс аз Украина пуштибонӣ хоҳад кард.

Келллогг рӯзи 7-уми январ дар суҳбат ба шабакаи Fox News гуфт, "Трамп кӯшиш мекунад, ки Украина ва соҳибихтиёрии онро наҷот диҳад ва боварӣ ҳосил кунад, ки ин одилона аст. Ӯ инро борҳо таъкид кардааст.”

Келллогг илова кард, ки Трамп метавонад дар ояндаи наздик роҳи хотима додан ба ҷанг дар Украинаро пешниҳод кунад. Намояндаи вижа бар ин назар аст, ки муҳлати пешниҳоди нақша метавонад то 100 рӯз бошад.

Худи Доналд Трамп 7-уми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо Русия барои поён додан ба ҷанги Украина пас аз ворид шудани ӯ ба Кохи Сафед билофосила оғоз шавад.

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар корзори интихоботии худ гуфта буд, ки метавонад давоми 24 соат ба ҷанги Украина поин диҳад. Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе изҳори умед кард, ки ин ҷанг то шаш моҳи оянда поён ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон додситонҳои 8 шаҳру ноҳияро иваз кард

Акс аз сомонаи президент
Акс аз сомонаи президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, додситонҳои Хоруғу Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон ва додситонҳои ҳарбии Суғду Бохтарро дигар кардааст. Ин тасмим рӯзи 9-уми январ эълон шуд.

Дар хабари расмӣ аз ягон кас ном бурда нашудааст.

Ба иттилои дарёфтӣ, Наврӯз Тоҳирзода додситони ҳарбии Суғд таъйин шудааст. Ӯ то ин вақт додситони ҳарбии Бохтар буд.

Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйирот ё ҷоивазкунии кадрҳо ҷараён дорад.

Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."

"Тоҷик Эйр" ба самти Кӯлоб парвоз мекунад

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр".
Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр".

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз оғози парвозҳояш дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хабар дод.

Ин ширкат бо нашри як эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, парвозҳоро дар ин масир ҳафтае се маротиба - рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе, анҷом хоҳад дод.

Тибқи ин хабар, мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз дафтари ин ширкат, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Мастонгулови Душанбе, харидорӣ кунанд. Арзиши чипта аз як самт 300 сомонӣ муайян шудааст. Тибқи ин хабар, парвози нахуст аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ сурат мегирад.

Феълан нархи роҳ бо автомашинаҳо аз пойтахт ба шаҳри Кӯлоб аз 70 то 100 сомонӣ гуфта мешавад. Баъзе аз сокинон дар шарҳи ин хабар аз гаронии нарх шикоят карда, хостори арзон кардани он шудаанд. Баъзе ҳам бо истиқбол аз ин иқдом, ба бехатарии он таъкид кардаанд.

Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 ба ин тараф парвоз намекарданд. Моҳи сентябри соли гузашта масъулини ин ширкат аз роҳандозии нахустин парвоз дар масири Душанбе-Хоруғ хабар доданд.

Қазоқистон шумораи муҳоҷиронро кам мекунад

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қазоқистон, ки баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, квота барои муҳоҷирони меҳнатиро кам кардааст.

Ба иттилои хабаргузории Zakon.kz., Вазорати меҳнати Қазоқистон ҳаҷми квотаро 3 дарсад аз шумораи умумии қувваи кории ин кишвар муайян кардааст, ки ин ҳудуди 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин омор нисбат ба соли гузашта камтар будааст.

Квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар соли 2024 ҳамагӣ 271,3 ҳазор нафар муқаррар гардида буд. Дар назар аст, ки ин қарор аз 17-уми январи имсол амалӣ шавад.

Бо зиёд шудани фишору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шумори онҳое афзоиш ёфт, ки дар ҷустуҷӯйи кору даромад роҳи Қазоқистонро пеш гирифтанд. Ба гуфтаи огоҳони умур, зоҳиран ба ҳамин сабаб тафтиши муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар шудааст.

Дар фурудгоҳҳои Қазоқистон чораҳои амниятиро тақвият додаанд ва хориҷиёнеро, ки ба ин кишвар мераванд, сахт тафтиш мекунанд.

Бино ба омори мақомот, шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тақрибан даҳуним ҳазор нафар аст. Тоҷикон дар Қазоқистон асосан дар бозор ва сохтмон кор мекунанд.

Як вакили рус аз муҳоҷирон хостааст, бо ӯ ба ҷанг раванд

Вакили рус аз муҳоҷирон мехоҳад, бо ӯ ба ҷанг раванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Виталий Милонов, вакили Думаи давлатии Русия, аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Санкт-Петербург хостааст, ки ба ҷанг дар Украина бираванд. Аз навори суҳбатҳояш бармеояд, ки посухи муносиб нагирифтааст. Ӯ наворро рӯзи 6-уми январ дар Телеграм гузошт.

"Онҳо намехоҳанд, ки ба майдони ҷанг бираванд. Ҳарчанд шикоят доранд, пул ва ҷойи зист надоранд," – гуфт вакили порлумони Русия.

Вай афзудааст, "мисол, ман омодаам, бо онҳо ба Горловка равем, ба шаҳри Дзержинский ҳамла кунем, аммо онҳо намехоҳанд."

Даҳҳо муҳоҷирро ҳангоми санҷиши хобгоҳ дар Санкт-Петербург дастгир карданд. Ин амалиёт бо дархости Виталий Милонов сурат гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, сокинон аз ҳукумати маҳаллӣ хоста буданд, ки дари хобгоҳҳои муҳоҷиронро бибандад, аммо касе ба додашон нарасид.

Дар наворҳо дида мешавад, ки даҳҳо муҳоҷир дар сардӣ дар кӯча истодаанд. Виталий Милонов иддао кард, ки санади будубоши аксар муҳоҷирон мушкил дорад.

Ҳарчанд Русия ба нерӯи кории арзон ниёз дорад, дар моҳҳои охир сиёсати бадбинонаеро нисбат ба муҳоҷирон пеш гирифтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия шароити муҳоҷиронро беҳтар намекунад ва онҳоро фишору азият медиҳад. Солона ҳазорон муҳоҷир бо баҳонаҳои гуногун боздошт ва аз Русия ихроҷ мешаванд.

Ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Боздошти ҳафт хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ, дар Венесуэла

Николас Мадуро
Николас Мадуро

Дар Венесуэла ҳафт хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ ва се украиниро бо гумони тарҳрезии таркишҳо ва суиқасд ба ҷони сиёсатмадорони ин кишвар дастгир кардаанд.

Ба навиштаи "El Universal", президенти Венесуэла Николас Мадуро мухолифонро ба омодагӣ ба ҳамла гунаҳкор кард.

Мадуро рӯзи 7-уми январ, се рӯз пеш аз маросими савгандёкунияш дар ин бора изҳорот дод.

Интихоботи президентӣ дар Венесуэла моҳи июли соли 2024 гузашт.

Мақомот Николас Мадуроро баранда эълон карданд. Мухолифон мегӯянд, ӯ рақобатро ба номзади ягонаи онҳо, Эдмундо Гонсалес, бохтааст.

Гонсалес дар Исапания паноҳандагии сиёсӣ гирифта, аммо дар оғози моҳи декабр гуфт, ки ба зудӣ дар пойтахти Венесуэла мешавад ва ҳамчун раисҷумҳур савганд ёд хоҳад кард.

Ба иттилои Николас Мадуро, дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2024 дар Венесуэла 125 "зархариди хориҷӣ" дастгир карда шудаанд, аммо тафсилот надод.

Эъдоми садҳо кас дар соли 2024 дар Эрон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Эрон дар соли 2024 дастикам 901 нафар, аз ҷумла беш аз сӣ занро эъдом кардаанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ин омори баландтарин дар нуҳ соли охир дар Ҷумҳурии Исломист.

Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 7-уми январ дар гузорише гуфт, танҳо дар як ҳафтаи охири моҳи декабр қатли тақрибан 40 кас сабт шуд.

Волкер Турк вазъро “бисёр ташвишовар” хонд ва афзуд, “замоне фаро расид, ки Эрон мавҷи ҳамеша афзояндаи қатлҳоро боздорад.”

Аз ин пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид кард, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.

Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон

Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ниҳоӣ кардани масъалаи марз, ҳамлу нақл ва ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода, Одилбек Қосималиев ва Абдулло Орифов рӯзи 8-уми январ дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар сурат гирифт. Ҷое, ки Суғди Тоҷикистон, Бодканди Қирғизистон ва Фарғонаи Узбекистонро бо ҳам мепайвандад.

Қирғизистон солҳо боз бо Тоҷикистон ва Узбекистон дар робита ба таъйину нишонагузории сарҳад баҳс дорад.

Бишкек ва Тошканд то кунун раванди таъйини марзи муштаракро анҷом додаанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри соли 2024 марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳадро ба поён расонданд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, ҳуҷҷатҳои марбут ба марзнигорӣ моҳи январ ба порлумон ворид ва он гоҳ ҷузъиёти созишнома маълум хоҳад шуд.

Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон гуфтаанд, мулоқоти рӯзи чоршанбе "тақдири минтақаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад".

"30 ҳазор кас кӯчонда шуд". Сӯхтор дар маҳаллаи сарватмандони Лос Анҷелес

Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар Лос Анҷелес хонаҳоро вайрон карда, сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо гардид.

Ҳодиса рӯзи 7-уми январ рух дод.

Сӣ ҳазор кас аз зери дуди азиме, ки як қисми зиёди шаҳрро печонда буд, ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.

Ба иттилои мақомот, қариб се ҳазор ҳектар майдони Пасифик Палисейдс, маҳалле дар байни Санта Моника ва Малибу оташ гирифт.

Питер, яке аз сокинон, гуфт, "фикр кардам, ки бояд ин ҷоро тарк кунам. Ҳар чизе, ки аз даст рафт, рафт. Дигар коре карда наметавонам."

Оташнишонҳо талош карданд, ки сӯхторро хомӯш кунанд. Ҳавопаймоҳо аз Уқёнуси Ором об оварданд.

Волии Калифорния аз сокинон хост, ки дастурҳоро дар бораи кӯчидан риоя кунанд ва ҳушдор дод, ки дар натиҷаи боди сахт мумкин аст сӯхтори бештар сар занад.

Бодҳои сахту хушки ғарбӣ аксаран дар фасли тирамоҳ сар мезананд, аммо ин ҳодиса дар Калифорнияи Ҷанубӣ ҳар фасли сол метавонад ба вуқуъ ояд.

Ҷойи нигаҳдории Гулнора Каримоваро дигар кардаанд

Гулнора Каримова дар замони президентии падараш соҳиби мансабҳои баланди дипломатӣ буд, тарроҳӣ ва бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард
Гулнора Каримова дар замони президентии падараш соҳиби мансабҳои баланди дипломатӣ буд, тарроҳӣ ва бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард

Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро аз зиндони занонаи Зангиота ба колонияи сукунатӣ ё маҳбаси низомаш нармтар кӯчондаанд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми январ бо такя ба чанд манбааш дар ин бора хабар дод.

Қарор рӯзи 19-уми декабри соли 2024 бо дархости маъмурияти зиндон содир шудааст. Масъулони маҳбас гуфтаанд, ки Каримова сеяки давраи ҷазоро адо кард.

"Гулнора Каримова бо панҷ-шаш ҷомадон хушҳолона аз зиндон рафт. Ҳангоми хайрухуш маҳбусонеро, ки дар солҳои охир ба одамони наздикаш табдил шуда буданд, ба оғӯш гирифт," – гуфтааст яке аз маъмурони зиндон.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати зиндонҳо ва идораи Омбудсмени Узбекистон хабари ба колонияи сукунатӣ гузарондани Гулнора Каримоваро на тасдиқ ва на рад карданд.

Гулнора Каримова дар замони президентии падараш, Ислом Каримов, соҳиби мансабҳои баланди дипломатӣ шуда, сарвати зиёд ба даст овардааст. Ҳамчунин бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард ва ба тарроҳӣ машғул буд.

Соли 2013 ба зидди ӯ бо иттиҳоми ғорати пул ва саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз) парванда кушода, дертар панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Бори дувум, соли 2020, бо айби "ғорати маблағҳои буҷа ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин, аз худ кардани амволи дигарон бо тамаъҷӯӣ" ӯро ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

Аз баҳори соли 2019 дар зиндони занонаи Зангиота буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG