Ин рақами хушку холӣ нест, балки ин сарнавишти мушаххаси инсонҳои ҷудогона аст. Эҳтимолан дар 12 моҳи оянда сафи онҳое, ки имкони кору зиндагӣ дар Русияро аз даст медиҳанд, зиёдтар мегардад, зеро масъалаи муҳоҷирон ва танзими кори онҳо, ба вижа муҳоҷирон аз Осиёи Марказиву Тоҷикистон бо ташаббуси сиёсатмадорону давлатдорони Русия ҳамчун мушкили аввалиндараҷа ба мисли таҷовузи ин кишвар ба хоки Украина бозтоб мегардад.
Дар охирин фармоне, ки президент Путин дар соли гузашта имзо кард, ба муҳоҷирон шарт гузошта шудааст, ки то 30-уми апрел ё номи худро аз рӯйхати сиёҳ берун кунанд, ё худашон аз кишвар берун шаванд.
Раҳбари калисои провославӣ Кирилл низ ҳафтаи равон дар рӯзи Милоди Масеҳ дигарбора оиди зарурати пурзӯр кардани назорати давлатӣ аз болои муҳоҷирон сухан гуфт. Ба андешаи ӯ, Русия бояд хориҷиёнро танҳо ба бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт ҷалб кунад.
Ба гуфтаи пешвои калисои православии русӣ, истифодаи нерӯи кории муҳоҷирон набояд ба амнияти миллӣ таҳдид намояд. Рейдҳои зидди муҳоҷиро ,ки дар соли 2023 аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ зери унвони "Нелегал" шурӯъ шуда буданд, дар соли 2024-ум тавсеа ёфтанд.
Ба вижа, сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус Сити Ҳолл”, ки дар натиҷаи он 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд, шиддат гирифт. Мақомоти рус беш аз 10 шаҳрванди Тоҷикистонро дар анҷоми ин ҳамла гумонбар эълон кардааст.
Ин ҳодиса на танҳо боис ба авҷи бегонаситезӣ дар Русия шуд, балки сабаби маҳдудиятҳои бесобиқаи қонунӣ гашт. Аксарият умед доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо президенти Русия дар рӯзи 24-уми декабр мушкилоти муҳоҷиронро матраҳ хоҳад кард.
Зеро қабл аз ин дидор ёвари Владимир Путин гуфта буд, ки ин масъала ҳатман баррасӣ мешавад. Аммо на дар матни суҳбати роҳбарони Тоҷикистон ва Русия ва ҳам хабарномае, ки сомонаи президенти Тоҷикистон нашр кард, ишорае ба мавзӯи муҳоҷирон набуд.
Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, дар ин муддат вуруди тақрибан 150 ҳазор шаҳрванди хориҷиро манъ кардаанд.
Омори дақиқи ҳазорон нафаре, ки аз фурудгоҳҳо баргардонда шудаанд, ҷое эълон нагардидааст. Теъдоде аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аллакай аз Русия умедашро кандаву дар ватан барои худ машғулият ёфтаанд, аммо садҳо ҳазор тоҷике, ки дар он кишвар боқӣ мондаанд, таъсири сиёсати пурзӯршудаи мақомоти ин кишвар дар нисбаташонро эҳсос хоҳанд кард.
Дар ин бора дар нашри навбатии «Рӯзгори муҳоҷир” муффасал сӯҳбат мекунем.
Гуфтугӯ